Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Тақсимоти булаҷаби замин дар Ҷайҳун»

№72 (4334) 01.06.2021

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун мақолаи «Тақсимоти булаҷаби замин дар Ҷайҳун»-ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 17 апрели соли 2021, №49-50 (4311-4312) нашр шудааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Иттилоъ дода мешавад, ки бо қарори раиси ноҳия аз 2 ноябри соли 2018 таҳти №787 аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ, аз тарҳи №26, воқеъ дар деҳоти «Қумсангир» деҳаи Ҷӯйбор 100 га замин ба фонди манзил гузаронида шуда, аз тарафи Комиссияи ҷамъиятии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия «Оид ба оилаҳои эҳтиёҷманд тақсим намудани замини наздиҳавлигӣ» ба 9 оилаи эҳтиёҷманд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ (бо қарори раиси ноҳия аз  16 сентябри соли 2019, №699) тақсим карда шудааст.

Қитъаҳои замини тақсимшуда заҳбур ва ё заҳкаш набуда, балки поёноби новаҳо (латокҳо)-и деҳаи Ҷӯйбор ба он ҷорӣ шуда, сипас ба поёноби асосӣ мерезад. Илова бар ин, заминҳои тақсимшуда, дар доираи қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, тибқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикис­тон амалӣ гардид.

Шаҳрвандоне, ки соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардидаанд, уҳдадор карда шуданд, ки барои ҷорӣ шудани об аз назди заминҳояшон нова (латок) созанд.

Д. СОБИРЗОДА,

муовини якуми раиси ноҳияи Ҷайҳун