Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 46 корхонаю коргоҳи саноатӣ бо 493 ҷойи кор таъсис дода шуд.
- Дар даврони соҳибистиқлолӣ 531 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, шумораи онҳо аз 75 адади соли 1991 соли 2020 ба 606 адад расид. Танҳо дар шаш соли охир дар вилоят 291 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 6900 ҷойи корӣ таъсис ёфт, — изҳор намуд мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода.
Хурсандиовар аст, ки шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ – апрели соли ҷорӣ дар вилоят ба 2,6 миллиард сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 269,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар зарфи 20 соли охир ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар вилоят 8 баробар афзоиш ёфта, аз 1 миллиарду 100 миллион сомонии соли 2000 – ум дар соли 2019 ба 8,5 миллиард сомонӣ расид, ки ин 32 фоизи маҳсулоти умумии саноати мамлакатро ташкил медиҳад.
Чанде аз корхонаҳои саноатии вилоят, аз қабили ҶДДМ «Дилкушо», «Бофанда», «Сомон ҒМ» ва «Самар», ки аз фаъолият бозмонда буданд, дубора ба кор шурӯъ карданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар коргоҳу корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон айни ҳол 90 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»