Чанде пеш таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» бо ширкати роҳбарони сохтору идораҳои гуногун, олимону донишмандон ва мутахассисони варзидаю ботаҷриба ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Маҳмадсаид Убайдуллоев диққати ҳозиринро ба ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии амалҳои ифротгаройӣ, экстремизми динӣ ва ғайра ҷалб намуд.
Дар робита ба ин зикр кард, ки барои ҳадафманд роҳандозӣ намудани кор тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №386 аз 20 августи соли равон ба қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №160-2 аз 17 марти соли 2015 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» тағйирот ворид шуд, ки дар асоси он дар ноҳияҳои шаҳр ва тамоми сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ 45 гурӯҳи таблиғотӣ — дар ноҳияи Сино 15 адад ва дар ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ даҳ ададӣ таъсис дода шуд. Фаъолияти гурӯҳҳои мазкур аз 27 августи соли 2015 дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо оғоз мешавад.
Раиси шаҳр таъкид кард, ки гурӯҳҳои таблиғотӣ дар партави амалисозии сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда, густариши соҳибкорию институтҳои шаҳрвандӣ, баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқии сокинон ва бо ин роҳ пешгирии таъсиррасонии фарҳанг ва тафаккури бегонаву иртиҷоӣ дар ҷомеа мулоқоту вохӯриҳоро мақсаднок ба роҳ монанд, зеро яке аз сабабҳои гаравиши баъзе аз қишрҳои ҷомеа ба ин гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ надоштани сатҳи зарурии донишҳои дунявию динӣ, бетарафии ҷомеаву падару модарон мебошад.
Аз ин рӯ, Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр кард, ки аҳли ҷомеаи пойтахт бояд бидуни бетарафӣ, алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуби фарҳангию динии бегона, ки ғаразҳои рахнасозии суботу ҳамзистиро доранд, мубориза баранд.
Ш. САИДОВ