Бо мақсади роҳандозии ҳамкорӣ ҷиҳати баррасии имкониятҳои таъсиси намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид» — и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 октябри соли 2022 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир – Шаҳноза Нодирӣ вохӯрии корӣ баргузор гардид.
Дар муовини директори генералии КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид» — Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия - Фёдор Карповетс, мушовири директори генералии Хадамоти мазкур — Олег Костюк, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Алексей Егоров, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Бояд зикр кард, ки асоси ҳамкориҳои мазкур дар Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Россия муайян гардидааст.
Зимни вохӯрӣ масъалҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, мусоидат ба густариши муносибатҳои дучониба байни Хадамоти муҳоҷират, Муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар» дар шаҳри Душанбе, «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ва КВДФ баррасӣ гардиданд.
Дар натиҷаи мулоқот байни намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид» — и ВКД – и Федератсияи Россия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки тибқи он таъсис додани намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Ин иқдом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мо барои бақайдгирии изи ангушт ва гирифтани патент ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ шаҳодатнома оид ба донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия пеш аз сафар мусоидат мекунад.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»