Чанде қабл дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ оид ба мушкилоти хатари маводи нашъаовар таҳти унвони «Муттаҳид намудани ҳамкории байналмилалии зиддимухаддиротӣ» баргузор гардид. Конфронси мазкур бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалб намудани диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хатари истеҳсол ва қочоқи маводи нашъаовар дар минтақа ташкил карда шуд.
Дар оғоз Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ба иштирокчиёни конфронс Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро қироат намуд. Дар Паём омадааст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро даъват намуд, ки кӯшишҳои худро бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муттаҳид намоянд.
Ба иштирокчиёни конфронс инчунин муроҷиати видеоии муовини Котиби генералии СММ, роҳбари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ю. Федотов намоиш дода шуд. Дар муроҷиати худ Ю. Федотов изҳори боварӣ намуд, ки конфронси Душанбе дар ҳалли мушкилоти мавҷуда на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон нақши муҳим хоҳад бозид.
Дар конфронс масъалаҳои вобаста ба ҳолати мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мушкилоти мавҷуда дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва рушди ҳамкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Таклифу пешниҳодҳои иштирокчиён барои баррасӣ дар Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуданд.
Аз тарафи иштирокчиён Эъломияи муштараки Конфронси байналмилалӣ барои баррасӣ дар Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ муҳокима ва қабул гардид. Инчунин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани солҳои 2016 — 2020 «Панҷсолаи чораҳои глобалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим» ҷонибдорӣ ёфт.
Дар кори конфронс роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои зиддимухаддиротии минтақа ва ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Бюрои оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд ва ғайра иштирок карданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»