Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 август то 3 сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон машқҳои махсуси тактикии «Раъд-2015» баргузор гардиданд.
27 августи соли равон дар машқгоҳи «Фахробод» машқҳои махсуси тактикии «Раъд-2015» бо иштироки ҷузъу томҳои таъиноти махсуси сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла хадамоти зиддимухаддиротӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Тоҷикистон), ки ба ҳайати қувваҳои таъиноти махсус дохил мешаванд, баргузор гардид.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар машқҳо ҷузъу томҳои таъиноти махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Машқҳо бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ҷузъу томҳои таъиноти махсус ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои кофтуковӣ ва камингирӣ зимни аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира намудани маводи нашъаовар, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда ва ба ин роҳ қатъ сохтани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша гузаронида шуданд.
Ҷараёни ин машқҳоро роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Котиботи СААД, намояндагони Шӯрои амнияти ҶТ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, сафирон ва атташеяҳои ҳарбии кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон мушоҳида намуданд.
Аз 29 август то 2 сентябри соли 2015 бошад, дар вилояти Хатлон марҳилаи дуюми машқҳои махсуси тактикии «Раъд-2015» доир гардиданд. Дар ин марҳила гурӯҳҳои омехтаи ҷузъу томҳои таъиноти махсус оид ба бастани роҳҳо дар ноҳияҳои интиқоли эҳтимолии маводи нашъаовар, муҳосира ва ғасб намудани анборҳои нигоҳдории маводи нашъаовар, ташкил ва таъмини амнияти гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ-оперативӣ машқҳо гузарониданд.
Дар машқгоҳи «Момирак» чор гурӯҳи омехташудаи таъиноти махсус ва ду дидбонгоҳи сайёр барои азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт ташкил карда шуд.
Сеюми сентябри соли ҷорӣ дар дидбонгоҳи «Момирак» маросими пӯшида эълон намудани машқҳои махсуси тактикии «Раъд-2015» баргузор гардид. Ба иштирокчиёни машқҳо медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»