Табдили харобазор ба гулшан дар Язгулом

№139 (4245) 13.11.2020

 123Дашти Язгулом, ки ба хоҷагии деҳқонии «Гулистон»-и Ҷамоати деҳоти Язгулом дохил мешавад, дар 40 — километрии роҳи Ванҷ — Хоруғ ҷойгир мебошад. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ он ҷо қисми сарҳадбонӣ мустақар гардида, пур аз дарахтони борвару сояафкан буд.

Аз соли 1991 ин макон ба харобазор мубаддал гашт. Барои эҳё намуданаш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои рушди деҳотро роҳандозӣ намуд, ки тибқи онҳо дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз масофаи 7 километр ба дашт хати оби полезӣ оварда шуд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ барои эҳёи Дашти Язгулом нахуст заминҳои аз истифода берунмондаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, ба деҳқонон вобаста кард. Дар муддати ду сол Дашти Язгулом барқарор ва ба макони истироҳати роҳгузарон табдил ёфт.

Ҳоло дар ин макони ободу зебо 15 хонавода истиқомат дорад. Ба гуфти сардори Идораи кишоварзии ноҳия Азорабек Солеҳов, дар дашт  62 га замини киштбоб ва 27 га боғот мавҷуд аст, ки ҳар сол кишоварзон ҳосили баланд ба даст меоранд.

Ба гуфти сармеъмори ноҳияи Ванҷ Зоир Шамсиддинов, дар солҳои наздик сохтмони  мактаб, бунгоҳи тиббӣ, маркази саломатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, меҳмонхона ва дигар иншооти муҳим дар назар аст.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»