Соли равон дар натиҷаи гармии ҳаво ва хурӯҷи дарёву рӯдҳо саркашии табиат бештар ба назар мерасад. Аз гӯшаву канори кишвар ҳар рӯз оид ба зарарҳои расонидаи табиат хабарҳо мерасанд.
Рӯзи 24-уми июли соли равон дар деҳаҳои Дараи Мазор ва Лангари Шоҳи деҳоти «Лангари Шоҳ» -и ноҳияи Тоҷикобод дар натиҷаи об шудани пиряхҳо, пайдоиши кулҳои сунъӣ ва баланд гардидани сатҳи об сел фаромад.
Тибқи маълумоти сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Тоҷикобод подполковник Аваз Сафарбеков ин ҳодисаи табиӣ ба сокинони ин деҳаҳо ва хоҷагии халқ хисороти зиёд расонид. Аз ҷумла шаш хонаи истиқоматӣ тамоман нобуд гардида, чор хона қисман хароб шуд. 23 бинои ёрирасон, ки ба соҳили дарёча наздик буданд, таги сел монданд. Аз 45 қитъаи замини наздиҳавлигии зарардида имконияти истифодаи 20 ададаш ғайриимкон шуд. Сел ҳамчунин ду мошини «КамАЗ», чор мошини сабукрав, нуҳ адад техникаи гуногун, як комбайни ғалладаравӣ, 23 сар чорвои калон, 79 сар чорвои майда, 20 оилаи занбӯри асалро маҳв намудааст. Хатти барқ дар масофаи 2,5 км, 31 адад симчӯб, се пули одамгузар ва се пули мошингузар, як километр канал, се осиё, се километр роҳҳои маҳаллӣ, 1,5 гектар ҷангал, 6-7 гектар замини картошказорро несту нобуд кардааст.
Муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — майор Р. Шоев ба ҷойи воқеа омада, бо вазъият шинос шуд ва ба сокинони деҳа изҳори тасаллият кард. Мавсуф ба сокинони зарардида изҳор дошт, ки Сарвари давлат аз воқеа хабардор аст ва дар ин рӯзҳои душвор онҳоро танҳо намегузорад.
Диловари МИРЗО,«Садои мардум»