Ҷиҳати омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами соҳаи боғдорӣ мутахассисону боғдорони 12 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба шаҳрҳои Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд.
Роҳбари гурӯҳ номзади илмҳои кишоварзӣ Сафаралӣ Орифов иттилоъ дод, ки барқарор кардани равобити дӯстона имкон медиҳад, ки боғдорони вилоят аз таҷрибаи ҳамсояҳо истифода намоянд.
-Мо дар ин сафар аз ҶДММ «Боғбон агрокомплекс» — и кишвари ҳамсоя дидан намудем. Ҷамъияти номбурда дар садҳо гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда, ҳар сол ҳосили хуби зардолу, себ, олуи сиёҳ, шафтолу ва чормағзу бодом ба даст меорад. Кӯшиш менамоем, ки аз ин таҷриба дар кишвари азизи хеш истифода намуда, ба боғдорони мамлакат дарахтони серҳосилу босифатро дастрас намоем, — гуфт С. Орифов.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»