Тадбирҳо баҳри пешрафти иқтисодиёт

№167(3468) 07.12.2015

Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ — амалии ҷумҳуриявии «Иқтисодиёт ва дурнамои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Муовини ректори донишгоҳ оид ба илм Матлуба Хоҷаева конференсияро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла гуфт, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ иқтисодиёти кишвар ба раванди босуботи рушду тараққиёт ворид гардид. Ин самти афзалиятнок бо ҳидояту раҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба такомул ёфта, марҳалаи эҳёи иқтисоди миллӣ фаро расид. Дар ин замина, мутахассисони соҳа барои татбиқи барномаҳои ояндабинонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ талош варзиданд. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси яке аз марказҳои илму маърифат барои тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи замон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ҳамзамон ҳайати профессорону омӯзгорони он ҷиҳати тадқиқи самтҳои асосии илми мазкур чорабиниҳои арзишманд доир менамоянд.

- Баргузор гардидани конференсияи илмӣ — амалии ҷумҳуриявии «Иқтисодиёт ва дурнамои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» идомаи мантиқии ин раванд мебошад. Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои обӣ яке аз кишварҳои пешсаф ба шумор меравад, вале бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва нооромиҳои охири садаи XX сохтмони иншооти тавлидкунандаи неруи барқ нотамом боқӣ монданд. Мо дар ҳамбастагӣ бояд саъй намоем, ки дар татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолу барқарор кардани энергия саҳмгузор бошем, — афзуд Матлуба Хоҷаева.

Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ оид ба тавлид, интиқол ва истифодаи самараноки неруи барқ ва роҳҳои дарёфти энергияи алтернативӣ маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, ҳамзамон аз тадбирҳои муҳими Ҳукумати мамлакат дар ин самт маълумот дод.

Сипас, маърӯзаҳои илмии академикҳо М. Илолов, Х. Ахмедов, профессор А. Абду­­ғаффоров ва дотсент А. Қодиров  дар мавриди расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду бузурги тавлидкунандаи неруи барқ дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ироа гардид.

Конференсия давоми ду рӯз дар панҷ бахш идома ёфта, дар кори он мақолаҳои олимони ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки маводи конференсия дар шакли китоб аз чоп баромад.

А. САЛИМЗОДА, «Садои мардум»