Бо таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои бо густариши маводи нашъаовар алоқаманд, диққати асосӣ ба чораҳое дода мешавад, ки ба таҳкими муқобилият ба паҳншавии мухаддирот ва коҳиши зарар аз истеъмоли он равона шудааст.
Аз ин рӯ, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 20 апрели соли 2012) чунин таъкид шудааст: «Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки ҳамагонро ба ташвиш овардааст, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аст. Ҳарчанд дар ин самт натиҷаҳои мусбат ба даст омадаанд, вале то ба ҳол моро қонеъ гардонида наметавонанд ва ин фаъолият ба мусоидат ва ҳамкории тамоми табақаҳои ҷомеа ниёз дорад, зеро маводи мухаддир ба генофонди миллат зарба зада, ахлоқи ҷомеа, махсусан ҷавононро, коҳиш медиҳад ва гузашта аз ин, чунончӣ борҳо гуфтаем, яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва эҷоди хатар ба амнияти давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади пурзӯр намудани фаъолият дар ин самт зарур мешуморам, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020 таҳия карда шавад».
- Барои иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» таҳия шуд, ки он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, — мегӯяд директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров.
Аз соли 1996 то соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор барномаи миллии давлатӣ амалӣ гардид, ки самтҳои асосии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, назорати муомилоти қонунии онҳо, пешгирии нашъамандиро муайян намуданд. Қабул ва мавриди амал қарор ёфтани Стратегияи миллии мазкур барои таҳияи барномаҳои фаъолияти зиддимухаддиротии ҳамаи сохторҳои марбутаи давлатӣ асос хоҳад шуд. Тавре дар муқаддимаи Стратегияи миллии мазкур омадааст, он самтҳои асосии сиёсати давлатии зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, ҳуҷҷати бунёдӣ оид ба нақшагирии чораҳои мубориза ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Мақсади асосии Стратегияи мазкур коҳиши амалии паҳншавии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли ғайритабиии онҳо, ҳаҷми оқибатҳои муомилоти ғайриқонунӣ барои бехатарии солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлат мебошад.
- Омили асосии механизми татбиқи Стратегияи мазкур фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор мебошанд, — мегӯяд директори Агентӣ Рустам Назаров.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт фаъолияти муштарак дошта, ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани амалҳои ҷиноии марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тадбирҳои зиёде амалӣ менамоянд. Чунончӣ, соли 2012 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16593 ҷинояти умумиро ба қайд гирифтанд, ки 895 ҷиноят ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мансуб буд. Ҳиссаи ҷиноятҳои мухаддиротӣ соли гузашта — 5,4 фоизро ташкил дод. Соли 2012 дар маҷмуъ барои содири ҷиноятҳои умумӣ 8467 нафар маҳкум шудаанд, ки аз ин ҳисоб барои ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд 1054 нафар буд. Ин нишондод нисбати соли 2011-ум ҳафт фоиз зиёд аст. Шумораи бештар аз сеяки шахсони барои содир кардани ҷиноятҳои мухаддиротӣ маҳкумшуда ба шаҳри Душанбе рост меояд.
Миқдори маводи мухаддири гурӯҳи афюн, ки соли 2012 мусодира шудааст, 1146 килоро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011-ум 13,7 фоиз зиёдтар аст. Мусодираи маводи сахттаъсири героин 515,283 килоро ташкил дод.
Мусодираи мухаддироти афюнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишораҳое ба иртиботи муайян ба ҳаҷми истеҳсоли он дар Афғонистон дорад. Мутобиқи арзёбии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ соли 2011 дар Афғонистон майдони кишти бангдона 12000 гектарро ташкил дод ва аз он 1300 тонна ҳосил гирифта шуд. Солҳои охир дар муқоиса ба кишти кӯкнор кишту истеҳсоли бангдона дар Афғонистон собит ва бе ягон тағйир боқӣ мемонад. Бо вуҷуди ин шумораи деҳқононе, ки ба парвариши бангдона дар Афғонистон машғуланд 38 фоиз афзуда, аз 47000 нафари соли 2010 то ба 65000 нафар дар соли 2011 расидааст. Шумораи вилоятҳое, ки бангдона кишт мекунанд, соли 2011 ба 21 адад (соли 2009-ум 17 адад) расидааст.
Соли 2012 фоидаи деҳқонони Афғонистон аз истеҳсоли афюн аз ҷониби коршиносони Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ 717 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ шуд. Ин нишондиҳанда чор фоизи даромади маҳсулоти умумии дохилии Афғонистонро ташкил медиҳад.
Паст шудани ҳосилнокии кӯкнор ба коҳиши 57 фоизи фоидаи ҳар гектар аз 10700 доллари ИМА то ба 4600 доллар овард, ки ин поёнтар аз сатҳи соли 2010 мебошад.
Баъди ҳосилнокии пасти афюн дар соли 2010 ва ба даст омадани фоидаи калон аз истеҳсоли афюн соли 2011 асос шуд, ки коршиносони СММ афзоиши шумораи деҳқонони ба кишти кӯкнор машғулро тахмин кунанд. Бо тасдиқи ин пешбинӣ соли 2012 майдони кишти кӯкнор 18 фоиз зиёд шуда, 154000 гектарро ташкил дод.
Чунин ҳолат моро водор месозад, ки бо ҳар восита пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир ва амалҳои ҷиноятии вобаста ба он пешгирӣ шаванд. Ба ин мақсад дар Стратегияи миллии мазкур низ тадбирҳои коҳиши дастрасӣ ба маводи мухаддир муайян шудаанд. Яке аз роҳҳои асосии коҳиши воридшавии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон, бешубҳа, таҳкими марзҳои Тоҷикистон ба шумор меравад.
Соли 2012 дар хати сарҳади давлатӣ 31 чорабинии фаврӣ доир гашт. Марзбонон 18 маротиба бо гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқбар бархӯрди мусаллаҳона намуданд, ки бар асари он ҳафт нафар вайронкунандагони сарҳад (соли 2011 – 24 нафар) кушта шуданд.
Инчунин 13 нафар дастгир шуданд, ки се нафар шаҳрванди Афғонистон ва даҳ нафар шаҳрванди Тоҷикистон буданд. Аз рӯйи ин ҳодисаҳо 31 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, ки 27-тои он ба қочоқи маводи нашъаовар иртибот дошта ва чор парванда барои нақзи мусаллаҳонаи марзи давлатӣ оғоз гардида буд.
Соли гузашта 75 ҳодисаи вайрон кардани сарҳади давлатӣ ва 36 ҳодисаи нақзи низоми сарҳадӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 754 вайронкунандаи марзи давлатӣ ва 2972 вайронкунандаи низоми сарҳадӣ дастгир гардиданд.
Аз ҷумла соли гузашта барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар ҷумҳурӣ 28 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дастгир гардида буданд. Қисми зиёди дастгиршудагон шаҳрвандони Афғонистон – 16 нафар, панҷ нафар шаҳрвандони Эрон, ду нафарӣ аз Россия ва Ӯзбекистон, як нафарӣ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Украина мебошанд. Аз онҳо 222,146 кило маводи мухаддир мусодира шуд.
Мувофиқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ, соли 2012 барои ширкат дар ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 314 (бо мусодираи 406,270 кило маводи мухаддир) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шуданд. Аз шумораи умумии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ҷурм дар Россия дастгиргардида 61 нафари онҳо дар ҳайати гурӯҳҳо ҷиноят содир намуданд. Соли гузашта аввалин ҳодисаи дастгир шудани шаҳрванди Тоҷикистон дар Арманистон бо дарёфти 910 грамм афюн ба қайд гирифта шуд.
Аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли 2012 дар кишварҳои аъзои ИДМ барои ҷиноятҳои мухаддиротӣ дастгир шудаанд, сокинони вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бартарӣ доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар барои қочоқи маводи мухаддир дастгир шудаанд, 38 фоиз афроди аз 18 то 29-сола, 46 фоиз аз 30 то 50 -сола ва се фоиз аз 50-сола боло мебошанд.
Бар асари камтаъсирии ҳукумати марказии Афғонистон дар минтақаҳо, нуфузи фармондеҳони саҳройии маҳаллӣ баъди хурӯҷи неруҳои байналмилалӣ дар соли 2014 эҳтимолан боз ҳам меафзояд. Ин гуна инкишофи ҳодисаҳо ба вазъи вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд на танҳо дар дохили Афғонистон, балки кишварҳои ҳамсояи он бетаъсир намемонад.
Аз ин рӯ, дар Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 такмили механизмҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар асоси конвенсияҳои дахлдори СММ, истифодаи самараноки восита ва имкониятҳо барои пешгирӣ ва муқовимат бо қочоқи маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Тоҷикистон ва интиқоли минбаъдаи онҳо ба дигар кишварҳо, ҳамчунин андешидани дигар тадбирҳои муҳим пешбинӣ шудааст.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»