Тафсилоти рӯйдодҳои Бадахшон

№67 (4487) 02.06.2022

Чанде пеш дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, профессор Гулзорхон Юсуфзода ва устодону муҳассилин намоиши филми мустанади «Шикасти фитна» ва мулоқот бо зиёиёну омӯзгорон доир гардид.

Нахуст Г. Юсуфзода меҳмононро барои ташриф овардан ба донишгоҳ хайра мақдам гуфта, иброз намуд, ки корҳои созандагию бунёд­кориро дар вилоят ва маркази маъмурии он шаҳри Хоруғ дида, шукронаи сулҳу субот ва зиндагии осудаву ором бояд кард.

- Ҳарчанд дар ВМКБ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои зиёди ободонӣ ба амал омаданд, вале боиси таассуф аст, ки ҳоло ҳам нафарону гурӯҳҳои алоҳида чунин пешравиҳоро нодида мегиранду берун аз ҷумҳурӣ сокинони вилоятро ба бетартибиҳои оммавӣ, фалаҷсозии низому сохтори ҳокимият, бадномкунии чеҳраҳои намоёни сиёсӣ, коштани тухми маҳалгароию бадбинӣ, адовати миллию қавмӣ ва хусумати нажодӣ даъват менамоянд, — таъкид кард ректор.

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот оид ба воқеаҳои нангини моҳи майи соли равон рухдода дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Рӯшон ба таври муфассал гузориш дод.

Зикр шуд, ки маҳз бо дасти бадхоҳони миллату давлат, хоинони ашаддии кишвар вазъи сиёсиву субот дар ВМКБ, бахусус ноҳияи Рӯшону шаҳри Хоруғ, якбора муташанниҷ гардид, зеро баъди як рӯзи баромадаш муовини роҳбари ҳаракати террористию экстремистии «Паймони миллӣ» ва узви Ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат Алим Шерзамонов бадахшониён, хосса сокинони Рӯшону Хоруғро, ошкоро ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ даъват намуда, рӯзу соати онро низ муайян сохт.

Ӯ дар яке аз баромадҳои видеоӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ навори 35 — дақиқагиро пахш намуд ва дар дақиқаи 16-ум изҳор дошт, ки «Шумо (иштирокчиёни тазоҳуроти зиддидавлатӣ) натарсед. Ба майдон бароеду  масъулиятро пурра ман (А. Шерзамонов) ба зимма мегирам. Барои банда аз шумо ягон чиз лозим нест, чизе (даъват ба ғасби ҳокимият) ки ба даст овардед, аз они шумост».

Мувофиқи тавзеҳоти раиси вилоят, баъди чунин изҳорот, мутаассифона, бархе аз сокинони шаҳри Хоруғу ноҳияҳои Рӯшону Шуғнону Роштқалъа, ки аксарашон ҷавонони ноогоҳ ҳастанд, ба иғвою дасисаи роҳбари дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Мамадбоқир Мамадбоқиров дода шуда, 14 майи соли равон, соати 1600 дар маҳаллаи Хоруғи боло ҷамъ омада, ташкил намудани тазоҳуротро дар майдони Исмоили Сомонии маркази вилоят дар таърихи 16 майи соли 2022, соати 1700 ба нақша гирифтанд.

Қайд гардид, ки 12-14 майи соли равон бо мақсади гирифтани пеши роҳи бетартибиҳои оммавӣ ва тазоҳуроти ғайриқонунӣ бо ҳама қишри ҷомеаи шаҳри Хоруғ суҳбату вохӯриҳо баргузор гаштанд. Аз ҷумла, силсиламулоқот бо фаъолони маҳаллаи зикршуда, сардорони раёсату идораву муассисаҳо, роҳбарияти Барномаи ҷонибдории инкишофи манотиқи кӯҳистони Фонди Оғохон, сардорону намоян­дагони шӯроҳои собиқадорону бонувон на як бору ду бор, балки чандин маротиба гузаронида шуданд. Лекин, мутаассифона, натиҷаи дилхоҳ ба даст наомад.

Тибқи нақшаи тарҳрезишуда, тазоҳуротчиён 16 майи соли равон, соати 1850 бо раҳнамоиву рафтори ҷинояткоронаи Алим Шерзамонов, Улфатхоним Мамадшоева, Холбаш Холбашов ва Мамадбоқир Мамадбоқиров ба сӯи майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ҳаракат карданд. Дар натиҷа, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва сохторҳои марбута ҷиҳати минбаъд роҳ надодан ба тазоҳуроти ғайриқонунӣ дар майдон, садди роҳи бетартибиҳо гардида, пеши роҳи эътирозгарони бадаъмол гирифта шуд. Яъне, бинобар сабабҳои муайян ва таҷрибаи талхи солҳои пеш, инчунин, ҷамъ нашудани тазоҳуротчиён дар майдони И. Сомонӣ аз васоити халандаву буранда ва сӯзанда (коктейли Молотов) истифода накардан ва биною иншооти муҳими давлатиро оташ назадан, дар мавзеи Чинаки маркази вилоят роҳ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баста гардид.

Баъдан бо истифода аз муҳимоти тирҳои резинӣ, гулӯлаҳои дуддору садодиҳанда ва гази ашковар эътирозгарони ноогоҳ иҷборан ақибнишинӣ карданд. Вале тазоҳуротчиёни иғвогар бо ин қаноат накарда, дар мавзеи Чинаку даромадгоҳи маҳаллаи Бархоруғ дар роҳҳои аҳамияти байналмилаливу минтақавидош­та анқариб шаш постгоҳи худсохт монданд.

 Инчунин, ҳамон рӯзҳо дар маркази ноҳияи Рӯшон, деҳаи Вомар низ гурӯҳе аз сокинони ноҳия, ки саркардагони онҳо аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ мебошанд, дар маркази ноҳия ҷамъ омада, роҳи байналмилалиро дар чанд нуқта бастанд. Ин тоифа ба панду насиҳати собиқадорон, фаъолон ва корҳои фаҳмондадиҳии роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони Ҳукумати марказӣ ­беэътиборӣ зоҳир намуда, шахсияти раиси ноҳияи Рӯшонро паст заданд ва ӯро мавриди ҳақорату дашном қарор дода, муовинонашро лату — кӯб карданд. Яъне, ду рӯз раиси ноҳия панҷ маротиба назди эътирозгарон рафт, илтимосу илтиҷо намуд, вале кор бенатиҷа поён ёфт.

Сипас, бо супориши бевоситаи раиси вилоят фаъолону собиқадорони ноҳия, аз ҷумлаи Пайшанбе Давлатов, Оҷифайз Мамадризоев, Элчибек Элчибеков, Ҷамолиддин Меҳмонов, Ғофил Зарифбеков, Алифбек Ҳусейнов, Китобхон Миргулов ва дигарон якҷо бо кормандони мақомоти маҳаллӣ ба назди тазоҳуротчиён сафарбар шуданд, то ки бо ҳидояти калонсолон роҳи байналмилалиро боз намоянд.

Қайд гардид, ки ҳарчанд аксари тазоҳуротгарон пайвандону фарзандони фаъолон ва собиқадорони ноҳия буданд, аммо борони таҳқиру дашноми қабеҳро бар онҳо низ раво донистанд.

- Аламовар он аст, ки ҳоло ҳам бархе аз ҷавонони ноогоҳ  ба гапи волидон гӯш намедиҳанд, вале дастури хоинону саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро бе чуну чаро ва сари вақт иҷро мекунанд. Таассуфовартар аз ин, Лайло Чоршанбезода, муовини раиси ноҳия, ки зан – модар аст, аз ҷониби мардони эътирозгар мавриди таҳқир қарор ёфта, баъдан зарари ҷисмонӣ бардошт. Хуллас, то лаҳзаи вопасин сохторҳои марбута талош ба он намуданд, ки роҳҳои байналмилаливу минтақавӣ ҳар чӣ зудтар кушода шавад, — тавзеҳ дод раиси вилоят.

Лекин баъдан низ корҳои фаҳмондадиҳӣ натиҷа набахшид. Ҳангоми ҳаракати нақлиёти хизматчиёни ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳарбӣ, он аз ҷониби эътирозгарон мавриди тирборон қарор гирифта, дар натиҷа, як нафар ба ҳалокат расида, 13 тани дигар ҷароҳати гуногун бардоштанд. Аз ин рӯ, аз ҷониби ниҳодҳои қудратии кишвар бо ҳадафи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, роҳ надодан ба муқовимати минбаъдаи мусаллаҳона нисбат ба яроқдорон чораҳои фаврии дахлдор андешида шуд. Мутаассифона, дар пайи задухӯрду бетартибиҳои эътирозгарон ҷони чанд нафар аз ҷавонони ноогоҳ, ки ба доми бадхоҳони миллат афтиданд, аз даст рафт.

Феълан вазъият дар ноҳияи Рӯшону шаҳри Хоруғ пурра зери назорати мақомоти марбута қарор дошта, татиботи ҷамъиятӣ таъмин аст. Вале ҳодисаҳои ҳамсон маҳз аз бетарафии қишри зиёӣ, аз ҷумла баъзе омӯзгорони донишгоҳ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, волидон ва дигар шахсоне, ки дар ҷомеа масъуланд, сарчашма мегирад.

Дар идома вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа  тавзеҳ дод, ки на фақат қувваҳои дохилӣ, балки неруҳои берунаи манфиатҷӯ низ талош ба он доранд, то суботи сартосарии кишварро комилан ноором созанд.

- ВМКБ ҷузъи ҷудонашавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳанӯз аз солҳои пеш зери таваҷҷуҳу манфиатҳои геосиёсии давлатҳои гуногуни олам қарор дорад ва мутаассифона, ин тамоюл феълан ҳам ба мушоҳида мерасад. Аз ин  рӯ, ҳама, хосса зиёиёну омӯзгоронро, мебояд, ки моҳияти зиракии сиёсиро ба наслҳои ояндасоз расонем, то онҳо фирефтаи манфиатҳои беруна нашаванд ва чун бозича дар дасти хориҷиён истифода нагарданд, — таъкид дошт вазир.

Зимни мулоқот таъсири ақидаҳои тахрибкоронаи ТТЭ ҲН ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба шуури ҷавонон, нокифоя будани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии вилоят, дар сатҳи зарурӣ фаъолият накардани барномаҳои соҳавӣ дар ин самт, равобити судманд бо аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар масоили мубрами тарбияи наврасону ҷавонон мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуданд.

Пасон, устодони донишгоҳ ба роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати дастгириҳои пайвастаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ изҳори сипосу миннатдорӣ карда, вобаста ба намоиши филми «Шикасти фитна», саҳми арзандаи роҳбарияти вилояту ниҳодҳои қудратӣ дар самти ба эътидол овардани қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар норасоиҳои самти таълиму тарбия фикру ақидаҳои судманд баён намуданд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»