Талтеппа кай обод мешавад?

№21 (3971) 21.02.2019

25 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангиву меъмории «Қалъаи Муғ»-и шаҳри Истаравшан гуфта буданд, ки: «Яке аз нишонаҳои барҷастаи соҳиби таърихи қадима будани миллати тоҷик шаҳрҳо, кӯшку қалъаҳо ва дигар ёдгориҳои меъморӣ ба шумор меравад. Донишмандон чунин мешуморанд, ки таърихи гузаштаи мо намунаи шаҳреро чун Истаравшан-шаҳри иборат аз қалъаҳои зиёд дар ёд надорад. Дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан то замони мо шумораи зиёди чунин қалъаҳо ҳифз шудаанд, ки ҳамагӣ исботи шаҳомати таърихии ин шаҳри бостонӣ мебошанд… Дар миёни ин ёдгориҳо ҷойгоҳи Қалъаи Муғ ё Муғтеппа қобили таъкиди махсус аст».

Дар маркази шаҳри Истаравшан, дар масофаи 300 — 400 метр дур аз ҳам ду теппаи баланд қомат афрохтаанд, ки якеро «Муғ» ва дигареро «Тал» меноманд.

Доктори илми фалсафа, профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов дар мақолаи «Аз таърихи Истаравшани бостон» нигоштааст, ки: «…Куруши Кабир Истаравшанро бо номи «Курушкада» бунёд ниҳода буд, вале Муғтеппа дар давраи модҳо вуҷуд доштааст ва рӯҳониёни модӣ, ки онҳоро «муғ» меномиданд, маъбади худро дар чунин теппаҳо бунёд карда, маросиму маносики диниро дар он анҷом медодаанд».

Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки  қалъаи мазкур дар 2500 соли охир чаҳор маротиба бунёду хароб гардидааст.

Бино ба гуфти академик Аҳрор Мухторов, барои муҳофизати қалъа аз истилогарони мақдунӣ 18 ҳазор сарбози шуҷои мубориза бурда, 8 ҳазор нафарашон қаҳрамонона ҳалок шудаанд, Искандар дар таърихи муҳорибаҳояш нахустин маротиба дар ҳамин ҷо аз сару гарданаш захмдор шудааст.

Ин қалъаро баъдан арабҳо ва аскарони Чингиз ва дар ибтидои асри XX ба истилоҳ, «нахусткоммунистон» — и шаҳр бо имои бурути як зимомдори давр ба хок яксон карда, аз хиштҳои он маҳбас сохтаанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба нақша гирифтааст, ки Талтеппаро низ обод созад, лекин баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ дар Қалъаи Муғ суръати корҳои созандагӣ паст гардид. Ашхоси огоҳ мегӯянд, ки камбуди маблағ боиси ин ҳол шудааст. Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро мебояд, ки ибтикори роҳбарияти шаҳрро бобати ободонии Муғтеппа дастгирӣ ва маблағгузорӣ намоянд. Зеро ободу зебо гаштани Талтеппа (ҳамчунин, ба ҳам пайвастани Талу Муғ тавассути роҳи ҳавоӣ) боиси ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мегардад.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»