Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар 4 ноябри соли равон чорабинии тантанавӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар роҳпаймоӣ наздики 20 ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону варзишгарон, низомиён, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳои ҳудуди вилоят иштирок намуданд.
Баъд аз роҳпаймоӣ дар кохи фарҳанги шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни паёми табрикӣ изҳор дошт, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дошта, яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. «30 сол муқаддам дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллии мо нақши муассиру сарнавиштсоз гузошт. Бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон қабули Конститутсияи навин аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он таҷрибаву андӯхтаҳои тамаддуни башарӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд», — афзуд Раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
Раиси вилоят дар идома иброз дошт, ки вилояти Хатлон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи меъёрҳои конститутсионӣ дар фазои орому осудаи Ватан бо саъю талош сокинони шарафмандаш дар тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ муваффақ гардид.
С. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»