Танзим файзу баракати зиндагист

№48 (3685) 04.05.2017

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо назардошти имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем».

Дар робита ба ин гуфтаи Роҳбари давлат Прокуратураи шаҳри Истаравшан тариқи назорат вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини он, ошкор ва пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳоро дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дод.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки талаботи қонун асосан риоя мешавад. Вале дар баъзе маврид раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони идораҳо, ташкилоту корхонаҳо, аъзои комиссияҳо оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва шаҳрвандони алоҳида даст ба қонунвайронкунӣ мезананд.

Албатта, мутобиқ ба муқаррароти қонун дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 корманд доранд, оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо комиссияҳои маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд. Мутаассифона, фаъолияти комиссияҳо, тавре ки лозим аст, ба роҳ монда нашудааст ва саҳми онҳо дар таъмини иҷрои қонун чандон мушоҳида намешавад. Аз ҷумла, санҷиши фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ аён сохт, ки дар онҳо ҳатто нақшаи корӣ, протоколҳои ҷаласаи комиссия, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба таъмини иҷрои нақшаи корӣ, дафтари қайди тӯю маъракаҳо ва пешниҳодҳои комиссия мавҷуд нестанд. Чунин камбудиҳо дар фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», ҶДММ «Ширкати нақлиётии «Дӯстӣ», ҶСП «Осоишгоҳи Ӯротеппа», Филиали ҶСК «Тоҷиктелеком», Стансияи мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвонот, Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», Филиали БДА «Амонатбонк», Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ғайра ошкор шуданд.

Соли 2016 аз ҷониби комиссияҳои маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ягон ҳолати вайронкунии талаботи қонун ошкор нашудааст. Ҳол он ки зимни баргузории нуҳ тӯйи домодию арӯсӣ, ҳафт маъракаи хатнасур, як маъракаи домодталабон ва ду маросими ҳаҷ талаботи қонун вайрон шудааст.

Соли гузашта барои риоя накардани талаботи қонун нисбат ба 21 нафар, аз ҷумла ду нафар роҳбари тарабхонаю тӯйхона, бо моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди шаҳри Истаравшан ирсол карда шуд.

Моддаи 9 — уми қонун муқаррар намудааст, ки хатнасур ба таври ихтиёрӣ дар як рӯз бо иштироки то 60 нафар, танҳо дар доираи як чорабинӣ, яъне додани зиёфат ё ош, бо харҷи кам гузаронида мешавад. Вале сокини шаҳри Истаравшан, кӯчаи М. Мӯсоев, хонаи 41 Додоҷонов Раҳимҷон бар хилофи ин муқаррарот амал карда, ҳаштуми октябри соли 2016 дар тарабхонаи «Ситораи Шарқ» бо иштироки зиёда аз 120 нафар меҳмон маъракаи хатнасури набераашро баргузор намудааст.

Ба ҳамин монанд, шаҳрвандон Бобоҷонов Раҳмат, Саидбекова Тӯтӣ, Насриев Шеразалӣ, Раҳимов Зафарҷон, Фозилов Аъзам, Қаҳҳоров Мансурҷон, Сармисоқов Даврон ва Мазбутов Шариф ҳангоми баргузор кардани маъракаи хатнасур талаботи қонунро вайрон кардаанд. Аз ин лиҳоз, нисбат ба онҳо низ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба Суди шаҳри Истаравшан ирсол карда, бо қарорҳои суди шаҳр аз ҳар нафари онҳо 4 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Тибқи талаботи моддаи 14-уми қонун маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳо ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо муқаррароти қонунро бояд вобаста ба шумораи даъватшудагон риоя намоянд. Аммо санҷишҳои прокурорӣ ошкор намуданд, ки баъзеи онҳо ин талаботро дидаю дониста риоя намекунанд. Чунончӣ, роҳбарони тарабхонаҳои «Ситораи Шарқ» Ҳомитов Ҳ. ва «Ҳуснорои Файз» Файзиев Юнус талаботи қонунро сарфи назар карда, дидаю дониста, шумораи иштироккунандагонро дар маъракаҳои таъсисдодаи шаҳрвандон Додоҷонов Р. Х. ва Саидбекова Т. танзим нанамуданд.

Аз ин рӯ, нисбат ба Ҳомидов Ҳ. ва Файзиев Ю. бо моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба Суди шаҳри Истаравшан ирсол шуд. Бо қарорҳои суди шаҳр номбурдагон аз 20000 то 20800 сомонӣ ҷарима ­супориданд.

Яке аз камбудиҳои дигаре, ки дар ин самт ҷой дорад, ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати фаҳмонидани талаботи қонун ва оқибатҳои вайрон кардани он мебошад. Ҳар нафар бояд донад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоятгари манфиатҳои онҳост. Ба хотири ҳимояи манфиатҳо бояд якҷо ҷиҳати татбиқи қонун шароит фароҳам оварем, роҳбарӣ ва назорат кунем, ки тӯю маросимҳо мувофиқи талаботи он доир гарданд.

Фирдавс Ҷаҳонгирӣ,

прокурори

шаҳри Истаравшан, 

мушовири адлияи дараҷаи 1