Табиати инсон ҳамеша ба зиёдаравию исрофкорӣ моил аст. Гоҳо дидаю дониста, гоҳи дигар ғайриихтиёр амалҳоеро иҷро мекунад, ки натиҷааш исрофи маҳз асту харҷи беҳуда. Мутаассифона, чунин равиш, яъне зиёдаравию пурхарҷӣ, дар тӯли зиндагии инсоният вуҷуд дорад. Аммо, бархе аз қавму миллатҳо бо мурури вақт ба худ омада, анъанаву одатҳоеро, ки чун бори зиёдатӣ бар дӯшанд ва фоида надоранд, тарк намуданд ва ё ба низом дароварданд.
Баръакс, қавму миллатҳои дигар ба одатҳо, урф, русуме, ки худи онҳо бофта бароварда буданд, дилбохтаву «содиқ» монданд. Лек дилбохтагӣ ва садоқати хушк, балки нолозим, барои онҳо мушкилоти гуногунро пеш овард. Ҳамин тариқ инсонҳо дар банди сохта дармонданд…
Дар ҷомеаи мо низ зиёдаравӣ ва бенизом амал кардан замоне авҷ гирифт, хусусан, зимни адои расму оин ва анъанаҳои марбут ба хурсандӣ ва мусибату азодорӣ. Оилаи азодорро пас аз дафни майит лозим меомад, ки маъракаҳои гуногунро анҷом диҳад, ки ҳар кадом масрафи зиёдро тақозо мекарданд. Дар натиҷа, аксар оилаҳо пас аз адои маъракаҳо таги бори қарз мемонданд.
Маъракаҳои хурсандӣ низ бисёр доманадор ва серхарҷ гузаронида мешуданд. Хусусан, сарватмандон маъракаҳояшонро бо карру фар доир мекарданд. Ин боис мегашт, ки бисёре аз волидони миёнаҳолу нодор барои сархам нагаштан дар назди ёру ҳамсояҳо, бо гирифтани қарзи зиёд бошад ҳам, кӯшиш менамуданд тӯйи писар ё духтарашонро бодабдаба гузаронанд.
Ин анъанаҳои зиёновар то ба ҳол идома меёфтанд, агар Ҳукумати мамлакат бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросими миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон даст намезад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дуруст таъкид кардаанд, ки «То расму оин ва маросими милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».
Дар ҳақиқат, вақте ки харҷи беҳудаву нолозим коҳиш дода шавад, аз ҳисоби маблағи сарфашуда чанд кори муҳимро ба сомон расонидан мумкин мегардад. Масалан, ҳоло аксар волидон мехоҳанд, ки фарзандонро дар муассисаҳои бонуфуз таълим диҳанд. Амалӣ кардани ин хоҳиш ҳамон вақт осон даст медиҳад, ки аз ҳисоби маблағи сарфашуда пасандоз намуда бошем. Яъне, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» то ҷое мардумро аз дасткӯтаҳӣ наҷот дод. Акнун бо шарофати қабули қонун шаҳрвандон метавонанд маъракаҳоро бо харҷи кам барпо намоянд. Ба ибораи дигар, қонун қисме аз ҷашну маросим ва анъанаеро, ки мавҷудияташон барои мардуми кишвар бори гарон буд, аз байн бурд ва ҳамон қисматеро боқӣ гузошт, ки аз лиҳози миллӣ ва маънавӣ аҳамият доранд.
Тибқи маълумоти расмӣ, то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сари ҳар як оила тахминан 30 маъракаю маросим, аз ҷумла, 10 маросими азодорӣ ва 20 маъракаи хурсандӣ, рост меомад. Ҳоло, хушбахтона, аз ин теъдод андаке боқӣ мондааст, ки баргузориашон барои мардум душвор нест.
Бисёриҳо ақида доранд, ки мушкилиҳо аслан хоси фарду оила буда, ба давлат ва ҷомеа иртибот надоранд. Ин андеша ғалат аст, зеро саодатмандию ободии ҷомеа ба саодату осоиши ҳар як шаҳрванд ва оила вобаста мебошад. Аз ҷониби дигар, давлати иҷтимоию адолатпарвар ҳаққи маънавӣ надорад, ки нисбат ба масъалаҳои муҳим бетаваҷҷуҳ бимонад. Аз ин лиҳоз, танзими анаъна ва ҷашну маросим барои тараққиёти ҷомеа нақши хеле муассир дорад. Мақсад аз ба низом даровардани расму оин ва анъанаҳо дар баргузории маъракаҳо ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти бемавриду нозарур мебошад.
Як ҷиҳати хуби дигари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» он аст, ки ба ташаккули ҷомеаи иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Зеро мардум, хоҳ дорову хоҳ миёнаҳол, маъракаҳоро яксон мегузаронанд.
Бемуҳобо, метавон гуфт, ки қонуни мазкур ҷанбаи иҷтимоӣ ва маънавӣ дорад ва сирф барои осоиштагии рӯзгори мардум равона шудааст. Пас аз мо, дар кишварҳои ҳамсоя — ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон низ қонунҳои ҳамсон қабул шуданд. Яъне, мардуми минтақа, ки расму оинашон аз бисёр ҷиҳат ба ҳамдигар монанд аст, тадриҷан дарк карданд, ки аз баҳри баъзе аз одату анъанаҳое, ки асли хурофотӣ доранд, бояд гузашт.
Ҳамин тавр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба сифати санади меъёрии ҳуқуқӣ муносибатҳои иҷтимоии маросимиро ба танзим медарорад, тақозои замон мебошад ва дар ҳалли мушкилоти мардум нақши муҳим мебозад. Риояи бечунучарои меъёрҳои он бурди ҷомеа, Давлат ва Ҳукумат аст.
Абдулҳамиди ИСКАНДАРЗОД,
Тоҷиддин АМИРЗОДА,
Шаҳриёр МУСТАФОЗОДА,
судяҳои Суди ноҳияи Сино