Дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор аз 9 то 11 августи соли ҷорӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии варзишӣ аз рўи намудҳои шашка, шоҳмот, бадмитон ва футбол дар байни мактаб- интернатҳои низомаш махсус баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳри Ҳисор Умеда Абдуллозода дар маросими ҷамъбасти мусобиқа иброз дошт, ки ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор доранд ва онҳо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҳеҷ гоҳ аз ғамхориву таваҷҷуҳ бебаҳра намемонанд.
Намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҷамшед Ҳамроев низ аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ёдовар гардида, қайд намуд, ки ин иқдом низ яке дастгириҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин қишри ҷомеа мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар мусобиқа зиёда аз 50 нафар тарбиятгирандагони мактаб — интернатҳои низомашон махсус аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Онҳо ҳунару маҳорати худро аз намудҳои шашка, шоҳмот, бадминтон ва футбол нишон доданд. Дар натиҷа дастаи тарбиятгирандагони мактаб — интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор бар ҳарифонашон ғолиб омада, сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Ҷойҳои баъдиро тарбиятгирандагони мактаб — интернатҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав ишғол намуданд.
Ба ғолибон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диплом ва медалҳо супорида шуд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»