Ҷои баҳс нест, ки ҳар кори бад паёмади ногувор дорад. Дер ё зуд барои ҳар як амали нохуб ҷавоб гуфтан лозим меояд.
Чанде пеш дар шаҳри Душанбе ҳодисаи нангине рӯй дод, ки «қаҳрамон»-и он Хушов О.Қ., ки соли 1999 бо моддаи 244 қисми 3 банди «а» ва 262 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсӣ ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд, маҳсуб мешавад.
Афсӯс, маҳбас барояш дарси ибрат нашуд ва боз даст ба ҷиноят зад. Шаби 11 январи соли равон бо мақсади дуздӣ вориди корхонаи ҶДММ «Русфурнитура», воқеъ дар маҳаллаи километри 7-уми шаҳри Душанбе, гардида, бо шикастани девор ва ҷевони оҳании пулнигоҳдории сармуҳосиби ин корхона 177 203 сомониро ба яғмо бурд ва онҳоро дар як сохтмони нотамом, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, пинҳон кард. Субҳи рӯзи дигар ба амакбачааш — Абдулло Хушов занг зада гуфт, ки мошин хариданист, вале ҳуҷҷати ронандагӣ надорад. Бинобар ин, мехоҳад, ки онро ба номи ӯ ба қайд гиранд. Ҳамчунин аз номбурда хоҳиш намуд, ки дар ягон ҷойи шаҳри Душанбе барояш хонаи фурӯшӣ пайдо намояд. Ба якбора аз куҷо пайдо кардани маблағи зиёд, таваҷҷуҳ зоҳир намудани амакбачааш посух дод, ки қарздорон пулҳояшро баргардониданд.
Он чиз боиси таассуф аст, ки О. Хушов на аз ноилоҷӣ ва бекорӣ, балки бо тақозои одати бад ба ин кор даст задааст. О. Хушов ҳунари кафшергариро соҳиб аст, ки хеле даркорӣ ва сердаромад мебошад. Аз ин касб солҳост, ки муҳоҷирони тоҷик берун аз Тоҷикистон, бахусус, дар сохтмонҳои Федератсияи Россия заҳмат кашида, зиндагии хуб доранд. Дар ҷумҳурӣ ҳам талабот ба ин касб зиёд аст ва соҳибони он маоши хуб мегиранд. О. Хушов метавонист, ки мошину хонаро бо заҳмати ҳалол соҳиб гашта, бо сари баланд кору зиндагиашро идома диҳад.
Ёдовар мешавем, ки номбурда соли 2016 ба ширкати «Русфурнитура» омада, бо директори он — Бобиев Абдувалӣ барои ба кор қабул шуданаш ҳамчун кафшергар шартнома баст. Хушов 9 нафари дигарро низ бо худ ба кор овард. Сабаби ба дуздӣ даст заданашро дар он арзёбӣ менамояд, ки баъд аз қатъи шартнома роҳбарияти ширкат музди меҳнати ӯ ва ҳамроҳонашро надода, онҳоро овораю сарсон намудааст. Бинобар ин, қасд гирифтааст.
Суди ноҳияи Синои пойтахт нисбат ба Хушов Одилҷон Қосимҷонович, бо дастрасии моддаи 67 қисмҳои 3 ва 5 — уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии низомаш пурзӯр ва маҳрумият ба муҳлати 2 сол аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти сохтмонӣ ҳукм баровард.
Аз ҳисоби маҳкумшуда ба фоидаи ҷабрдида А. Бобиев зарари моддӣ ба маблағи 67000 ҳазор сомонӣ рӯёнида, автомашинаи тамғаи «Тойота королла», рақами қайди давлатиаш 29-49 СР 01 РТ мусодира ва ба А. Бобиев баргардонида шуд.
Р. Искандарзода,
судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,
Шарофат Абдулвоҳидова,
«Садои мардум»