Бо вуҷуди огоҳӣ, таъкидҳо ва бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ дар бораи эҳтиёткорона истифода бурдани барқ ва маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла гази моеъ дар манзилҳои истиқоматӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ вақтҳои охир миқдори воқеаҳои нохуш торафт зиёд шуда истодааст. Ҳама шоҳидем, ки на як бору ду бор дар бозорҳои калони молҳои саноатӣ ва маҳсулоти озуқаи пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои кишвар аз истифодаи ғайримақсадноки барқ ва дар биноҳои истиқоматии шаҳрвандон аз истифодаи нодурусти гази моеъ ҳодисаҳои нохуш рух медиҳанд ва хисороти ҷиддии молиявӣ ва ҷисмонӣ ба бор меоранд.
Чунин ҳодисаи нохуш бегоҳии рӯзи 1 майи соли равон соати 18-10 дақиқа дар Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар кӯчаи Мехкалонаи маҳаллаи Ҳамадонии ноҳияи Синои пойтахт, ба амал омад, ки биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти хизматрасониро ба ларза оварда, садои таркиши он маҳаллаҳои гирду атрофро ноором сохт. Дар натиҷаи сӯхтор ва таркиш Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ пурра аз кор баромада, манзили зисти шаҳрванд Абдукарим Қурбонов қисман зарар дида, мағозаи фурӯши молҳои саноатӣ ва ғизоии мутаалиқ ба шаҳрванд Ҳикоят Қурбонова, ки дар паҳлӯи НФС ҷойгир аст, пурра сӯхта, зарари калони молӣ расидааст. Ҳамчунин, бинои сеошёнаи истиқоматӣ, ки дар ошёнаи якуми он мағозаи хӯрокворӣ ва ашёи саноатӣ, дорухона ва коргоҳи хурди дӯзандагӣ фаъолият мекунанд, ба дару тиреза ва деворҳояш осеб расидааст. Ба бинои Муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва омодагӣ ба мактаб «Фазл-2010», ки дар пушти НФС қарор дорад, зарари ҷиддӣ нарасидааст.
Ба ҷои ҳодиса Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва табибони навбатдори «Ёрии таъҷилӣ»-и Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» зуд омада расиданд. Вале аз сӯхтор ва таркиши НФС мағозаҳо, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва чанд бинои атроф аллакай зарар дида буданд. 10 нафаре, ки дар вақти хомӯш кардани сӯхтор осеб диданд, таъҷилан ба беморхона интиқол дода шуданд.
Сабабҳои сӯхтор ва таркиш дар Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва бинову иншооти аз он зарардида, аз ҷониби масъулини идораҳои дахлдор муайян карда мешаванд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»