Бо ташаббуси сокини деҳаи Марати деҳоти «Маданият»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нафақахӯр Ҳоҷӣ Бозорбой Тағоймуродов ва маблағгузории роҳбарону саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, шахсони саховатпеша, соҳибкорон ва сокинони деҳаҳои Марат, Маданият, Қазоқобод, Ғайрат, Янгиер пули вайрони деҳа, ки ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Вахшро бо ҳам мепайвандад, дар 15 рӯз навсозӣ ва таъмир шуд.
Беш аз 200 нафар ҷавони ташаббускору ватандӯсти деҳаҳои номбурда бо дилгармӣ ба ҳашар баромаданд. Техникаи зарурӣ ва баъзе масолеҳи сохтмониро Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳо муҳайё намуд.
Дар маросими тантанавии ба истифода додани пули мазкур раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло ба онҳое, ки дар ин амали хайр саҳмгузор буданд, изҳори миннатдорӣ намуд.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»