Дар мактаб-интернати мо 118 кӯдаки дорои имконияти маҳдуд ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Чанде пеш аҳволи яке аз онҳо — Идимоҳ Мӯсозода, ки нуқсони модарзодии гурда дошт, вазнин шуд. Ӯро ба беморхонаи «Истиқлол» овардем ва дар бахши кӯдаконаи шуъбаи ҷарроҳӣ бистарӣ гардид. Амалиёти ҷарроҳии Идимоҳ ройгон сурат гирифта, бо кӯшиши табибони ҳозиқ шифо ёфт. Вақте ки дар чеҳраи маъсуми ӯ табассумро дидем, хушҳол шудем.
Мехостем тавассути рӯзномаи «Садои мардум» ба табибони ҳозиқ профессор Ҳабибулло Ибодов, Баҳром Азизов, Зайдулло Маҳмудов, Шаҳноза Моёнова, Каримҷон Сайёдов, Сайдалӣ Асадов, Алишер Тиллоев ва кормандони табобатгоҳ Лайлӣ Назархудоева, Мавлуда Солиҳова, Шаҳноза Маҳмудова, Парвинаи Насриддин, Шукрона Исматова ва Сафармоҳи Ҳасан миннатдорӣ намоем.
Лаҳзаҳое, ки сари болини Идимоҳ будему табибон бо дарду ғами мо шарик сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур низ ба аёдати бемор омада, самимона аҳвол пурсид. Ба ростӣ, аёдати ӯ аҳли табобатгоҳро ниҳоят шод гардонд. Арзи сипос ба чунин масъулон.
Шукри Худо, ба шарофати ғамхории инсонҳои шарифу дардошно ятимдухтар Идимоҳ Мӯсозода шифо ёфта, ба назди мо баргашт.
Бо эҳтиром,
Мирзомуддин САЙФУЛЛОЕВ,
директори мактаб — интернати кӯдакони имконияташон маҳдуди № 2-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе,
Хушнамо Худойдодова,
ҳамшираи шафқат, Бибимо Муборакшоева, мураббӣ