Сайри мавзеи «Сафеддара», куҳнавардӣ дар ноҳияи Варзоб ва муаррифии мавзеъҳои саёҳатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз ҷумлаи чорабиниҳое буданд, ки дар рӯзҳои аввали соли нав аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Ҳамчунин, панҷ чорабинии таблиғотӣ, аз қабили Конференсияи «Омилҳои рушди сайёҳӣ» (дар шаҳрҳои Ваҳдат, Кӯлоб ва ноҳияи Дарвоз), ҳамоиш таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат заминае дар рушди соҳаи сайёҳӣ» баргузор шуд, ки дар онҳо масоили гуногун радду бадал гардиданд.
Аз ҷумла, зикр шуд, ки тибқи иттилои дастрасшуда, соли 2017 шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ ташрифоварда 400 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 15 фоиз нисбат ба соли 2016 зиёд мебошад.
Айни замон дар кишвар 80 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамоянд, ки ба туризми воридотӣ ва содиротию дохилӣ машғул мебошанд.
Имрӯз дар мамлакат барои зиёд намудани хатсайрҳои сайёҳӣ, хусусан дар самти саёҳати экологӣ, табобатию солимгардонӣ ва таърихию фарҳангӣ, имкониятҳои васеъ мавҷуданд. Ба ин хотир, аз тарафи масъулони соҳа рӯзҳои охир 20 хатсайри нав ташкил шуд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»