Дар вилояти Суғд мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии вазири хоҷагии қишлоқи ин кишвар Иброҳим Абдураҳмонов бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Ҳадаф аз сафари меҳмонон тақвияти ҳамкориҳо ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев буд.
Меҳмонон бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуда, бо иштироки мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистону Ӯзбекистон вохӯрии судманд доир гардид. Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ бо мақсади таъмини рушди корҳои кишоварзӣ табодули афкор карданд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»