Ташрифи вакилони Думаи давлатӣ ба вилояти Суғд

№ 09.06.2023

Вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия бо роҳбарии раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Василий Пискарев ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд  Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот сурат гирифт. Тарафҳо аз густариши робитаҳои минтақавӣ дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин​ қаноатмандӣ карданд.​

Таъкид гардид, ки вилояти Суғд бо​ вилоятҳои Нижегород, Свердлов, Челябинск, Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Липетск, Воронеж, Красноярск, Алтай, Доғистон ва дигар минтақаҳои Федератсияи Россия​ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, дар ин замина корхонаҳои муштарак фаъолият доранд. Таваҷҷуҳи меҳмонон ба иқтидору имкониятҳои вилояти Суғд дар бахшҳои саноату кишоварзӣ ҷалб гардида,​​ барои бунёди корхонаҳои коркарди мева ва бунёди боғҳои интенсивӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар доираи сафар меҳмонон аз Осорхонаи таърихии вилоят, масҷиди ҷомеи Шайх Маслиҳатдин, бозори «Панҷшанбе», маркази «Оши палов» ва дигар ҷойҳои таърихиву фарҳангии вилоят боздид намуданд.

Мухтори Абдулло,

«Садои мардум»