7 августи соли ҷорӣ як гурӯҳ журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон иборат аз 13 нафар ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Сафари онҳо аз вилояти Суғд оғоз гардид. Хабарнигорони воситаҳои ахбори ҷумҳурии ҳамсоя, қабл аз ҳама, бо вазъи корбарӣ дар рӯзномаҳои вилоятии «Суғд ҳақиқати» ва «Ҳақиқати Суғд» шинос шуда, дар «Кохи матбуот» бо аҳли зиёи вилоят мулоқот намуданд.
Ҳайати меҳмононро, ки ба он Тоҷибой Икромов — муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик», Ҷасур Исҳоқов — муаллифи филми мустанади «Зери осмони ягона», Ҷумъа Ҳамроев — профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Олим Ҷумъақулов — муҳаррири рӯзномаи «Ховар», Нурулло Насриев — мудири шуъбаи Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Зебо Тӯхтаева — хабарнигори телевизиони «Ӯзбекистон 24» ва дигарон шомиланд, Шарофат Эрматова — хабарнигори шабакаи телевизионии Ӯзбекистон ва раиси Маркази фарҳанги миллии тоҷикони Ӯзбекистон «Ориёно» роҳбаладӣ мекунанд.
Мулоқоти гарму самимие, ки байни қаламкашони тоҷику ӯзбек баргузор шуд, саршор аз меҳру муҳаббат буд.
Меҳмонон дар доираи барномаи сафар ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, бо маҳсули ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Хуҷанд ошно шуданд. Сипас, барномаи фарҳангии аҳли ҳунари вилоятро дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» тамошо карданд.
Сафари рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳру навоҳии дигари ҷумҳурӣ идома дорад. Аз ҷумла, онҳо имрӯз бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе мулоқот менамоянд.
М. Мақсудов, «Садои мардум»