Татбиқи барномаҳо — мусоидат ба рушди варзиш

№32 (4615) 03.03.2023

Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи варзиш дар вилояти Суғд тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як силсила қарор ва барномаҳо дар самти варзиш, аз ҷумла «Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026» амалӣ шуда истодааст, ки ба рушди соҳа мусоидат менамоянд.

Таъсиси стипендияи раиси вилоят барои 60 варзишгари беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, гузаронидани 1270 мусобиқаи вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ дар соли 2022, иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят ба чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ башорати татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ аст.

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 120 иншооти варзишӣ аз ҳисоби буҷет ва дигар сарчашмаҳо сохта шуданд.

Соли 2022 дар вилоят 112 мусобиқаи вилоятӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо беш аз 9 ҳазору 250 варзишгари вилоят иштироки фаъо­лона доштанд. Ҳамзамон, варзишгарони вилоят дар 116 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 58 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, ба гирифтани 1250 медали тилло, 1040 медали нуқра ва 1300 медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ва ГРАНД СЛАМ, оид ба намуди гӯштини дзюдо ҷойҳои дуюм ва сеюмро соҳиб шуд. Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон ва ҷавонон бошад, Шаҳбоз Ҳаитов ҷои дуюм, Хусравхон Раҳимов, Рустам Ашӯров ва Юсуф Фозилов сазовори ҷои сеюм, Муҳаммад Абдуҳакимзода дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ — румӣ байни наврасон ҷои сеюм, Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод байни собиқадорон ҷои дуюм, Фарзиншоҳ Ҳусейнов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини самбо байни ҷавонон ҷои якум, Мавзуна Азимова дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷои сеюм, Бобоҷон Бобоҷонов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ ҷои сеюм, Ҳамроз Раҷабов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои якум ва Алпомиш Ҳамроқулов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ сазовори ҷои якум гардиданд.

Чанде пеш дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими қадршиносии варзишгарони вилоят барои дастовард ва натиҷаҳо дар соли 2022 баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 60 варзишгар стипендияҳои раиси вилоятро супорид ва як қатор мураббиёну собиқадорон ва кормандони соҳаи варзиш бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Воқеан ҳам, варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ хизмат карда, ба гуфти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо Парчами давлатии Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад».

Мухтори АБДУЛЛО,

«Садои мардум»