Татбиқи барномаи рушди водии Язгулом чӣ натиҷа дод?

№67 (4173) 06.06.2020

Язгулом деҳотест дар ноҳияи Ванҷ, ки масофааш аз маркази ноҳия то наздиктарин деҳаи он 57 километр ва то охирин деҳааш зиёда аз 100 километр мебошад ва аз деҳаҳои Мотравн, Шавуд, Будун, Вишхарв, Андарбак, Жамаг ва Зайч иборат буда, аҳолияш 6881 нафар аст. Баландтарин деҳа дар ин водӣ Убағн, Арнавад ва Барнавад мебошанд. Дар ин мавзеъ Мазордараи номдор ҷойгир аст, ки мардум онро мазори Искандари Мақдунӣ ном мебаранд.

Деҳаҳои дурдасти Убағн ва Зайч замини фарохдоман ва ҷангалистони азим доранд, ки мардум ба воситаи дарё аз он мавзеъҳо барои зимистонгузаронӣ ҳезум ва чӯб барои сохтмон меоварданд.

Ба гуфти бошандагони Язгулом, дар Убағн ва Зайч зиёда аз 100 гектар замини ҳосилхез мавҷуд аст, ки онро бинобар дурии масофа кам истифода мебаранд.

Соли 1954 мардуми Язгулом ба собиқ ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) муҳоҷир шуданд. Шароити носозгор ва гармои тоқатфарсо боис ба фавти бисёр кӯдакон ва занону пиронсолон гардид. Бо мурури солҳо язгуломиҳо боз ба кӯҳис­тон баргашта, ба ободии диёр камар бастанд. То даврони Истиқлолият дар Язгулом ягон дигаргунӣ ва пешравӣ набуд.

Танҳо баъди устувории сулҳу ваҳдат марҳилаи сифатан нави рушди Язгулом оғоз шуд. Дар муддати кӯтоҳ чор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаи таҳсилоти асосӣ, ду муассисаи ибтидоӣ, беморхона, ду бунгоҳи тиббӣ, маркази саломатӣ ва дигар иншоот қомат афрохтанд. Нахустсафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти «Язгулом» замоне сурат гирифт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи рушд нахустин қадамҳо мегузошт. Дар ҳамон давра, ки тамоми ҷумҳурӣ аз неруи барқ танқисӣ мекашид, бо ҷаҳду талош­ҳои Сарвари мамлакат дар ин ҷо неругоҳи хурди барқӣ бо иқтидори 300 киловатт мавриди истифода қарор гирифт. Дар ифтитоҳи он Президенти кишвар ширкат ва бо сокинони деҳот мулоқот намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки то он вақт сокинони ҷамоат аз неруи барқ маҳрум буданд, зеро дар даврони муноқишаҳои шаҳрвандӣ хати барқ хароб гардид.

Президенти кишвар дар мулоқот ба мутасаддиён супориш доданд, ки дар муддати кӯтоҳ Барномаи рушди Ҷамоати деҳоти «Язгулом» таҳия шавад.

Тибқи барнома, дар ҷамоат бунёди 7 НБО-и хурд тарҳрезӣ гардида, мактабҳо пурра таъмир ва азнавсозӣ шуданд. Илова бар ин, зиёда аз 100 гектар замин обёрӣ ва 50 гектар боғи нав бунёд гардид.

Ҳоло дар дашти Язгулом хонаҳои наву замонавӣ қомат афрохтанд. Деҳоти «Язгулом» ба хати барқи «Помир» пайваст шуда, норасоии барқ аз байн рафт.

Соли гузашта аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии деҳоти «Язгулом» 40 квота ҷудо гардид, ки туҳфаи бебаҳо барои ҷавонони он маҳсуб мешавад.

Дар маҷмӯъ, ҳар сафари Президенти кишвар ба ин водӣ файзу баракатро фузунтар менамояд.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, «Садои мардум»