Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Департаменти тиҷорати ноҳияи Мухтори Синтзян — Уйғур, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати консалтингии «Huahe International» 18 декабр дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳи «Истеҳсоли Хитой — Тоҷикистон-2017» баргузор гардид.
Дар он, ки ба 25 — солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Хитой бахшида шуд, зиёда аз 60 ширкат ва корхонаҳои бонуфузи музофоти Шэнсӣ, Хубэй, Шанду, Хэнан ва ноҳияи Синтзян — Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок намуданд.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода фаъолии соҳибкорони хитоӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро ситоиш намуда, гуфт, ки то имрӯз дар минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат 18 ширкати хитоӣ фаъолият мекунанд. Ҳаҷми умумии сармоягузории онҳо дар ин минтақаҳо 1,5 миллиард сомониро ташкил дода, бо ташаббуси онҳо 2000 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.
- Дар ҷумҳурӣ барои рушди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ фазои мусоид фароҳам оварда шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки дар мамлакат корхонаҳои истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми ватанӣ ва барои содирот нигаронидашуда бояд сохт. Бо ин мақсад ба ворид кардани техникаву технологияи муосиру ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ ҳавасмандем, — гуфт раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид.
Номбурда таъкид намуд, ки Тоҷикистону Хитой имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ доранд. Аз ин рӯ, бояд тамоми захираву имкониятро истифода барем, то миёни соҳибкорон ҳамкорӣ мустаҳкам шуда, робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ вусъат ёбад. Ш. Саид аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки таваҷҷуҳи соҳибкорони Хитой ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тамоюли афзоишро касб намудааст.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»