Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат -замина барои зуҳури ҷавонони соҳибистеъдод

№15 (4435) 01.02.2022

«Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад».

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро яке аз воситаҳои муҳими тарбияи насли наврас зарур дониста, дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ баҳри равнақу ривоҷ додани он корҳои назаррас ва шоистаро анҷом додаанд.

Агар пешравиҳои бахшҳои гуногуни соҳаи фарҳанг — театр, кино, рассомӣ, овозхонӣ ва ғайраҳоро дар зарфи 30 сол мавриди таҳлил қарор диҳем, боварӣ ҳосил мекунем, ки то кадом дараҷа фарҳанги миллӣ пеш рафтааст.

Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ театрҳои ҷумҳурӣ ва музофот дар кадом ҳол қарор доштанд, хуб медонем. Театрҳои машҳурамон – Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикис­тон ба номи М. Воҳидов ва ғайра одитарин шароит­ро надоштанд. Боми бештари театрҳои пойтахт ва шаҳру навоҳӣ дар зимистон мечакид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз аҳволи аҳли ҳунари ин театрҳо огоҳӣ дош­танд ва чун сулҳу салоҳ ба даст овардему иқтисодиёти Ватан сол то сол боло рафт, дастгирӣ ба аҳли фарҳанг бештар шуд. Пеш аз ҳама, ду театри овозадори тоҷик – Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ таҷдиду тармим шуданд. Масалан, барои таъмири асосии Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ шонздаҳуним миллион сомонӣ аз Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Театр дар муддати се сол таъмири хушсифат ва аз тарҳи аввалааш зеботар шуд. Ин ғамхорӣ аҳли эҷодии театро рӯҳбаланд карда, асарҳои шоистаро таҳия ва пешкаши тамошобинон гардонданд.

Операҳои «Амир Исмоил» (асари Н. Қосим ва Н. Табаров, оҳангсоз Т. Шаҳидӣ, таҳиягар Б. Абдураззоқов). «Рустам ва Сӯҳроб» (асари А. Фирдавсӣ, таҳиягар С. Усмонов, оҳангсоз Т. Сатторов), «Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино» (асари М. Фарҳат ва М. Беҳбудӣ), либреттои К. Олимов, оҳангсоз М. Бафоев ва ғайра дар сатҳи баланд таҳия шуда, аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд гирифтанд.

6 феврали соли 2001 нахустнамоиши операи «Рустам ва Сӯҳроб» аз рӯи достони А. Фирдавсӣ, дар таҳияи Султон Усмонов, оҳангсоз Талабхуҷа Сатторов баргузор гардид. Дар он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аъзои Ҳукумат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дош­танд. Ҷаноби Олӣ ба ҳунарнамоии артистони театр баҳои баланд дода, минҷумла гуфтанд, ки «Театре, ки имрӯз дар толори пуршукӯҳи он ҷамъ омадем, дар ривоҷи санъати мусиқӣ, ташаккули ҳунар ва анъанаҳои опера ва балети миллии тоҷик нақши бузург бозидааст.

Ҳанӯз дар миёнаи асри гузашта дар саҳнаи тоҷик операҳои «Шӯриши Восеъ», «Коваи оҳангар», «Рӯдакӣ», «Пӯлод ва Гулрӯ», «Шерак», «Қишлоқи тиллоӣ» ва монанди инҳо бо иштироки ҳунармандони шинохта ба тамошобинон манзур гардида, дар миёни алоқамандони асил — чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ берун аз он маҳбубияти зиёд пайдо карда буданд…

Бовар дорам, ки ҳайати эҷодии Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ минбаъд низ анъанаҳои шуҳратманди санъати театри моро идома дода, дар рушди фарҳанги муосири миллӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба мушкилоти ҷойдоштаи театр таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри ҳалли онҳо ба масъулини Вазорати фарҳанг супориш доданд. Моҳи августи соли 2003 Ҳукумати мамлакат дар асоси қарордод бо Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия 5 навраси тоҷикро баъд аз интихоб аз байни 240 довталаб барои омӯхтани нозукиҳои рақси балет ба Коллеҷи давлатии хореографии шаҳри Перми Федератсияи Россия фиристоданд. Онҳо Парвина Тошмуҳаммадова, Фарангис Қосимова, Муҳаммад Азимзода, Умедҷони Сангализода ва Манучеҳр Маҳмудзода буда, зодагони даврони истиқлолият — солҳои 1991 — 1994 ҳастанд, ки дар назди коллеҷ Мактаб — студияи тоҷикии балетро ташкил карданд.

Собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон Кароматулло Олимов аз ин хусус дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд:

- Пеш аз ҳама, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорем, ки дастгириашонро ба Вазорати фарҳанг ҳеҷ гоҳ дареғ намедоранд ва барои рушди фарҳанги тоҷик мусоидат менамоянд. Ҳамеша супориш медоданд, ки соҳаҳои фарҳанги тоҷик инкишоф ёбанд. Аз ҷумла, барои таъмири Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маблағи зарурӣ ҷудо карданд…

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Пешвои миллат барои роҳкиро, таҳсил ва зист аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ҷудо гардид.

Ҳоло ҷавонони номбурда ҳайати ҳунарии раққосону раққосаҳои балети Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айниро пурра карда, чун солистони шинохтаи балет эътироф гаштаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 21 декабри соли 2021) иброз доштанд: «Тавре ки мушоҳида мегардад, ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳиб­истеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвари забондӯст ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем».

Ҳукумати кишвар ҳамеша ҷавонони эҷодкор ва фарҳангдӯстро дастгирӣ мекунад. Ба ин хотир ҳамдиёри шуҳратманди мо, роҳбари гурӯҳи рақсии балети Театри опера ва балети шаҳри Новосибирск, Артисти халқии Федератсияи Россия, Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Фаррух Рӯзиматов моҳи ноябри соли 2021 ба шаҳри Душанбе даъват шуд. Ӯ сарбалетмейстерии Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айниро ба уҳда гирифта, дар тарбияи шогирдон — раққосони балет, рангин гардонидани барномаи театр ва баргардонидани шуҳрати пештараи театр ҳисса мегузорад.

Ин тасмим мухлисони санъати опера ва балетро умедвор мекунад, ки барномаи театри зикршуда аз асарҳои классикони ҷаҳонӣ, рус ва тоҷик рангинтар хоҳад гашт.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

 «Садои мардум»