Сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Миҷгона Асоева чоргоник таваллуд кард
Сардухтури беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар Хушнуд Баҳодурзода дар тамоси телефонӣ бо хабарнигори рӯзнома иброз намуд, ки навзодон ду писар ва ду духтар буда, 14-уми январи соли равон дар шуъбаи таваллуди ин беморхона ба дунё омаданд.
- Вазни тифлҳои таваллудшуда 1 килограмму 600 ва 1 килограмму 700 грамм буда, айни замон ҳолати онҳо вазнини устувор мебошад ва табибону момодояҳои ботаҷриба ҳама кӯшишу ғайрати хешро баҳри сиҳатии онҳо равона намуда истодаанд, — гуфт Х. Баҳодурзода.
Миҷгона Асоева сокини деҳоти «Қизилқалъа»-и ноҳияи Хуросон буда, соли таваллудаш 1997 мебошад ва бо тавлиди чоргоникҳо соҳиби панҷ фарзанд шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»