Тавилдара ноҳияе аст, ки табиати он аз дигар навоҳии кўҳистон тафовути зиёд дорад. Шахсе, ки бори аввал ба ин ноҳия меояд, наметавонад аз тамошои табиати зебову дилрабои ин диёри пурафсона чашм канад. Сонеъ дар ин макон он қадар санъаткорӣ кардааст, ки бинанда аз тамошо сер намешавад ва ба касе шабоҳат меёбад, ки дар банди афсун гирифтор гардидааст. Аз таъсиси дубораи ноҳия низ он қадар муҳлати тўлонӣ сипарӣ нагардидааст, аммо дар ин муддати кўтоҳ бо талошу кўшишҳои роҳбарияти ноҳия ва мардуми бонангу ори он ба хотири рушду нумўи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия кори зиёд ба сомон расонида шудааст.
Тавилдара ноҳияи аграрӣ буда, кишоварзӣ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёти он мебошад. Соли 2015 кишоварзон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 2658 гектар, аз ҷумла 1723 гектар ғалладонагӣ (гандум, ҷав, лўбиёӣ ва ҷуворимакка), 120 гектар сабзавот, 505 гектар картошка, 34 гектар хўроки чорво кишт карданд. Дар ин сол 28 гектар боғи нав низ бунёд гардид.
Соли 2015 маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ ба 79,9 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2014- ум 2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ноҳия имконият дорад, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаро васеъ намояд. Бо ин мақсад Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, тибқи он барои васеъ намудани картошказор чораҳои зарурӣ меандешад.
Сол то сол саршумори чорво дар ноҳия зиёд мешавад. Чарогоҳҳои бешумор барои рушди соҳаи чорводорӣ имконият медиҳанд. Ҳоло саршумори чорвои калон ба 24 ҳазору 960 сар, чорвои майда 52 ҳазору 405 сар, асп 483 сар ва занбўри асал ба 11 ҳазору 950 оила расонида шудааст.
Дар ноҳия соҳаи занбўриасалпарварӣ рў ба тараққист. Аз парвариши занбўри асал сокинони ноҳия даромади хуб ба даст меоваранд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012 аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, фонди захиравии ноҳия 170 гектар замин ҷудо гардид, ки аз ин ҳисоб ба 253 оилаи эҳтиёҷманд 38,6 гектар ҷудо карда шуд. Замин барои қитъаҳои наздиҳавлигӣ бештар аз макони деҳаҳои вайронгардида ҷудо карда мешавад.
Дар ноҳияи Тавилдара ҷангал хеле зиёд аст. Хоҷагии ҷангали ноҳия баҳри нигоҳубин ва бунёду барқарорсозии ҷангалзор кори назаррасро ба сомон расонидааст. Кормандон тирамоҳи соли гузашта чор тонна пиёзи ансул, 40 тонна хошок ва 300 килограмми гиёҳҳои доруворӣ ҷамъоварӣ карда, 700 метри мукааб ҳезум тайёр намуданд.
Дар ин ноҳияи кўҳсор соҳаи сохтмон низ сол то сол тараққӣ мекунад.
Давоми солҳои охир маркази ноҳияи Тавилдара симояшро тағйир дод ва дар оғўши кўҳҳои сарбафалаккашида як шаҳраки зебое пайдо шуд.
соли гузашта барои сохтмони асосии ноҳия аз буҷет як миллион сомонӣ пешбинӣ гардид, ки 583 ҳазор сомонии он барои идома додани сохтмони бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, 200 ҳазор сомонӣ барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти ибтидоии №56- и деҳаи Вуҷун ва 133 ҳазор сомонӣ барои бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳаи Шур пешбинӣ шуда буд.
Ҳоло аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар якчанд иншоот сохтмон идома дорад, баъзеашон ба истифода дода шуданд.
Сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Ҷури деҳоти «Сангвор» бо маблағи 306 ҳазор сомонӣ, таъмири асосии бунгоҳи тиббии деҳаи Посони деҳоти «Чилдара» бо маблағи 75 ҳазор сомонӣ, таъмири бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1- и деҳаи Тавилдара бо маблағи 246 ҳазор сомонӣ ва сохтмони бинои филиали БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар деҳаи Чилдара аз ҳисоби БДАҶТ «Амонатбонк» бо маблағи 80 ҳазор сомонӣ аз ҳамин ҷумлаанд. Инчунин сохтмони бинои суди ноҳия аз ҳисоби Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи як миллиону 254 ҳазору 80 сомонӣ, бинои нозироти андоз аз ҳисоби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи ду миллиону 100 ҳазор сомонӣ, бинои маркази саломатӣ дар деҳаи Миёнадуи деҳоти «Сангвор» аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи ду миллион сомонӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и деҳаи Саридашт аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 280 ҳазор сомонӣ, таъмиру барқарорсозӣ ва асфалтпўш намудани 3,6 км роҳ, иваз намудани обноваҳо — 600 метр ва 1,5 км хатти рўшноидиҳӣ дар маркази ноҳия бо маблағи се миллиону 700 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони мағозаҳои тиҷоратӣ дар ҷамоатҳои деҳот аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ ва таъмири асосии шуъбаи бемориҳои дарунии беморхонаи марказӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ идома доранд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик ноҳияи Тавилдара ба яке аз ноҳияҳои зебои ҷумҳурӣ табдил меёбад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»