Ман мӯйсафеди нафақахӯрам, синнам ба 75 расидааст. То давраи пиронсолиам аз дарду беморӣ хабар надоштам. Тайи чанд соли охир аз бемории мушакҳо ва буғумдард азият мекашидам. Ба табибони зиёд муроҷиат кардам, онҳо кумаки саривақтии худро расониданд. Мутаассифона, аз байн муддате гузашту боз дардҳо пайдо шуданд.
Бо маслиҳати аҳли хонавода ба қабули вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода рафтам. Маро вазир хуш қабул карда, аз ҳолу аҳволам пурсон шуд. Дар бораи ба ин беморӣ гирифтор шуданам нақл кардам. Ӯ маро бодиққат гӯш карду тавсия дод, ки барои муолиҷа ба Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявии ба номи А. Нурматов, воқеъ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, равам. Вазир ба шахсони мутасаддӣ супориш дод, ки бо роҳхат ба таври ройгон ба табобат фиристода шавам. Табобат хеле хуб гузашт ва ман бо тани сиҳат ба шаҳри Душанбе баргаштам.
Мехостам ба воситаи нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Садои мардум», ки дар ҳама ҳолат дастгиру роҳкушои мардум аст, миннатдории беандозаи худро ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода баён намоям. Инчунин изҳори сипоси худро ба сардухтури Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявии ба номи А. Нурматов, табиби ҳозиқ Р. Иброҳимов, мудири шуъбаи ҳамин беморхона З. Негматова ва духтури табобатӣ Б. Бобоҷонов мерасонам.
Нарзулло ОЛИМОВ, сокини шаҳри Душанбе