Теъдоди сайёҳони хориҷӣ меафзояд

№8 (4748) 15.01.2024

Соли 2023 аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд зиёда аз 135 ҳазор сайёҳ, аз ҷумла беш аз 8 ҳазор сайёҳи хориҷӣ, боздид намуданд, ки ин теъдод нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд мебошад.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов, дар вилоят 41 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ — Шурои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии «Зарафшон» фаъолият менамоянд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 205 хатсайри сайёҳӣ ташкил гардидааст, ки тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангиро фарогир мебошанд.

Дар вилоят алҳол 40 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла 97 зиёратгоҳ, воқеъ буда, аз мавзеъҳои писандидаи сайёҳон маҳсуб меёбанд.

Мухтори Абдулло,

«Садои мардум»