Чанде пеш бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дар деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ Неругоҳи хурди барқи обии «Техарв» бо тавоноии 400 кВт — соат мавриди истифода қарор гирифт.
Ширкати «Помир Энерҷӣ», бо харҷи 1,3 млн. доллари ИМА неругоҳи мазкурро пурра азнавсозӣ ва ба шабакаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пайваст намуд, ки дар ин замина 1200 хоҷагӣ ва муассисаҳои ноҳияи Ванҷ аз он баҳраваранд.
Ёдовар бояд шуд, ки неругоҳ соли 1995 сохта, бинобар фарсуда шудани таҷҳизот тобистон то 260 кВт ва дар фасли зимистон то 140 кВт қувваи барқ истеҳсол менамуд. Бар замми ин, тобистони соли 2015 ҳангоми селфароӣ зарар дида, аз кор бозмонд.
Соли сипаришуда дар НБО-и «Техарв» системаи автоматии идоракунӣ ва назорати барқ (АСКУЭ) низ васл шуд, ки тавассути он маълумоти зарурӣ аз тариқи интернет ба «Помир Энерҷӣ» ворид мегардад.
Бо мақсади кам кардани талафоти неруи барқ сохтмони хатти нави шиддатнокиаш 35 — киловолта оғоз шуда, моҳҳои наздик ба анҷом мерасад.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ,
«Садои мардум»