Технологияҳои сабз

№99 (4361) 31.07.2021

Чаро Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ онро дар иқтисодиёти кишварҳои аъзои созмон ҷорӣ карданист?

Далели зиёд мавҷуд аст, ки саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаклгирӣ ва пешрафту такомули Созмони ҳамкории Шанхай қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Шоҳиди ҳол ҳастем, ки пешниҳодҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар суханрониҳояшон зимни баргузории чорабиниҳои гуногуни ба Созмони ҳамкории Шанхай рабт­дошта иброз шуданд, барои болоравии мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ, ҳалли мушкилоти обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгаройӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, мусоидат ба ҳалли қазияи Афғонистон ва ғайра таҳрик бахшиданд.

Бахши иқтисоду молия ва низоми бонкдорӣ низ аз ин раванд дар канор намонда, баҳри тақвияту тавсеаи равобит дар ин самт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам пешниҳодоти судманд ироа менамоянд. Барои мисол, Пешвои миллат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 10 июли соли 2015 дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия доир гардид, иброз намуданд, ки «Тоҷикистон қадамҳоеро, ки мақсад аз онҳо густариши тиҷорат ва афзун намудани сармояҳои мутақобила, таъсиси Бунёд ва Бонки рушди СҲШ, ривоҷи ҳамкорӣ дар кишоварзӣ, такмили низоми нақлиётӣ-логистикӣ аст, дастгирӣ менамояд».

Зимни ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар ҳайати васеъ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон нуҳуми июни соли 2017 доир шуд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала дахл намуда, гуфтанд, ки «Соҳаи иқтисодиёт самти бунёдии ҳамкорӣ дар доираи СҲШ боқӣ мемонад. Густариши минбаъдаи ҳамгироии иқтисодӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузории дорои аҳамияти минтақавӣ, ба мушоиати самараноки молиявии бештар ниёз дорад. Умед дорем, ки коршиносони кишварҳои аъзо метавонанд мавқеи мувофиқашударо доир ба таъсиси Фонди рушд (Суратҳисоби махсус) ва Бонки рушди СҲШ таҳия намоянд».

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати васеъ, ки 10 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид карданд, ки «Тақвият додани нақши Иттиҳодияи байнибонкӣ ва Шӯрои кории СҲШ ҳамчун яке аз пулҳои боэътимоди пайвандгари доираҳои соҳибкории давлатҳои аъзои СҲШ муҳим боқӣ мемонад. Мо ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои молиявии минтақавиро дастгирӣ менамоем. Дар баробари ин, таъсиси муассисаи махсуси молиявии СҲШ-ро ҷонибдорӣ менамоем».

Хурсандиовар ва боис ба ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки пешниҳодоти мавриди назар чун дигар ташаббусҳои Роҳбари давлат бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфта, фаъолияти Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ беҳбуд ёфта истодааст. Дар ин замина, амалинамоии ибтикори зиёд дар назар буда, имсол ассотсиатсияи мазкур ба маблағгузории лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои сабз дар иқтисоди кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай шурӯъ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ соли 2005 бо мақсади ташкили механизми маблағгузорӣ ва пешниҳоди хизматрасонии бонкӣ барои лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки аз ҷониби ҳукумати кишварҳои ­аъзои СҲШ дастгирӣ карда мешаванд, таъсис дода шудааст. Ба он Бонки рушди Қазоқистон, Бонки давлатии рушди Хитой, «Внешэкономбанк», Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии иқтисоди хориҷии Ӯзбекис­тон шомиланд.

Лоиҳаи ба ин масъала рабт­дошта чанде пеш ҳангоми мулоқоти коршиносон ва ҳамоҳангсозони Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ таҳия шудааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки ин ҷорабинӣ мунтазам вобаста ба фаъолияти Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ ва дар доираи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони ассотсиатсия гузаронида мешавад. Имсол он дар Тоҷикис­тон — кишвари раисикунандаи СҲШ баргузор мешавад.

Лоиҳаи зикршуда доираи васеи масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки барои рушди иқтисоди кишварҳои аъзои СҲШ аҳамияти калидӣ дорад. Аз ҷумла, бонкҳои кишварҳои аъзо тасмим доранд, ки якҷо бо шарикон сармоягузориро афзоиш диҳанд.

Дар ин раванд маблағгузории муштараки лоиҳаҳои афзалиятнок ва татбиқи минбаъдаи харитаи роҳ, ки соли гузашта барои рафъи оқибатҳои пандемия барои иқтисоди СҲШ қабул шуд, мақоми меҳварӣ хоҳад дошт. Илова бар ин, тадбир­андешӣ дар робита ба тавсеаи истифодаи асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркунии муштарак идома хоҳад ёфт.

Дар назар аст, ки страте­гияи вобаста ба бахш тирамоҳи соли равон дар доираи ҷаласаи Шӯрои Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ, ки дар он роҳбарони бонкҳои аъзо иштирок мекунанд, ба имзо расад.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»