Дар ноҳияи Темурмалик барои нигоҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ сардхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар расми ифтитоҳи он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуданд.
Сардхона дар масоҳати 0,80 гектар замин барои нигоҳдории 500 тонна меваю сабзавот сохта шуда, дар он 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Дар иншооти мазкур таҷҳизоти зарурии наву замонавӣ насб гардидааст, ки ҳарорати дохили сардхонаро мутобиқ ба меъёр нигоҳ медорад.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»