Темурмалик. Саҳми соҳибкорон дар бунёди иншооти ҷашнӣ бештар мешавад

№ 30.10.2024

Дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Хусрави Фаррухзод дар деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик кӯдакистони замонавӣ сохта шуд.   

Тавре мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Даврон Одинаев иттилоъ дод, бинои муассисаи томактабӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 100 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст, ки бо тамоми шароити замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Дар корҳои сохтмонии кӯдакистон 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Атрофи муассиса панҷарабандӣ гардида, дорои майдончаҳои хурди бозии кӯдакон мебошад.

- Дар баробари ин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 10, 18 ва 25-и ноҳия аз нав таъмир гардида, дар онҳо барои 60 нафар кӯдакони синни томактабӣ синфхонаҳо омода карда мешавад, — афзуд Д. Одинаев.

Дар рӯ ба рӯи боғи фарҳангию фароғатии ноҳия бинои хуштарҳу замонавии шуъбаи маорифи ноҳия ҷойгир аст, ки аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ буда, дар доираи барномаҳои давлатӣ бо тамоми шароити замонавӣ иборат аз се ошёна сохта шудааст.

Бо дастгирии Ҳукумати кишвар беморхонаи марказии ноҳия низ пурра таъмиру навсозӣ гардидааст.

Баъд аз таъмиру навсозӣ ҳуҷраҳои кории табибон ва беморон бо мизу курсиҳои замонавӣ ва дигар лавозимоту таҷҳизот пурра таъмин шудаанд. Беморхона аз ду ошёна иборат буда, дорои 53 кат аст.

Соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Фозилҷонов дар деҳоти Муродбахши ноҳия ба сохтмонӣ коргоҳи коркарди меваю сабзавот шурӯъ намудааст, ки айни замон ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро шудааст. Сохтмони пули мошингузар бошад аз тарафи соҳибкор Асомурод Абдуллоев дар деҳаи Лолазор бомаром идома дорад. Ҳамчунин, таъмиру навсозии роҳи Чилчаҳ ва бунёди пули мошингузар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саймукаррам Самадов оғоз ва корҳои сохтмонӣ аллакай ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст.

Ба ҳамин монанд, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Маъруф Зикирзода дар деҳаи Иттифоқи ноҳия бунгоҳи тиббии замонавӣ ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд, ки дорои тамоми шароити замонавӣ мебошад.

Ҳоло дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Темурмалик аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва мардони саховатпешаи ноҳия таъмиру мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ, кашидани хати оби нӯшокӣ, хатҳои барқӣ, кандани чоҳи амудӣ, таъмиру навсозии муассисаҳои бахши маорифу тандурустӣ, бунёд намудани майдончаҳои варзиш ва сохтмони марказҳои хизматрасонию тиҷоратӣ низ бомаром идома дорад.

Дар ноҳия ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои зиёди созандагию ободонӣ амалӣ гардида, сохтмону навсозии 280 иншооти ҷашнӣ дар нақша аст. Аз иншооти пешбинишуда то моҳи сентябри соли 2024 дар 145 иншооти таъиноти гуногун корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,   

«Садои мардум»