27 — уми октябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хӯҷанд таҳти унвони «Терроризм ва экстремизм — хатар ба амнияти инсоният» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ифтитоҳ кард.
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем,- гуфт сарвари донишгоҳ.
Баъдан як зумра олимону коршиносон дар мавзӯъҳои «Роҳҳои пешгирии ақидаҳои террористиву экстремистӣ байни ҷавонон», «Муқовимат ба терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кибертерроризм ва хатарҳои он ба амнияти иттилоотӣ», «Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир», «Самтҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати муқовимат бо терроризму экстремизм ва таъмини амнияти минтақа» маърӯзаҳои илмӣ карданд.
Дар конфронс беш аз 130 мақола аз ҷониби олимону коршиносон аз муассисаҳои таҳсилоти касбии олии мамлакат ва хориҷи кишвар ирсол гардида ва дар шакли маҷмӯа чоп хоҳад шуд.
М. МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»