Тими яккачини футболи ВМКБ таъсис ёфт

№99 (4839) 14.08.2024

Дастаи яккачини футболи ВМКБ бо номи «Помир» таъсис ёфт.

Дар ин бора раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар маросими аз нав ба истифода додани варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ ва бозии дӯстона байни тими «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва дастаи «Помир» иттилоъ дод. Номбурда афзуд, ки ин иқдом таҳти ташаб­буси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии роҳбарияти Федератсияи футболи мамлакат татбиқ гардид.

- Дар ҳамдастӣ тавонис­тем орзуи деринаи тамоми мухлисони ин бозӣ дар вилоят — доштани дастаи мунтахаби ВМКБ-ро амалӣ созем.

Шукргузорӣ бояд кард, ки дар замони соҳиб­истиқлолии Тоҷикистон ва роҳбарию роҳнамоии Пешвои муаззами миллат варзиши вилоят баробари дигар соҳаҳо рушди бесобиқа ёфт,  — тавзеҳ дод раиси ВМКБ.

Дар чорабинӣ, инчунин, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нас­рулло Маҳмудзода ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикис­тон Фурқат Ахмедҷонов суханронӣ намуда, аз дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллат нисбат ба соҳаи варзиш ёдовар шуданд.

Сипас, туҳфаҳои хотиравии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар вазъи тантанавӣ ба наврасони вилоят тақдим шуда, бозии дӯстона оғоз гардид.

Бозии дӯстона байни дастаҳои «Помир» ва «Равшан» мусовӣ (2 : 2) анҷом ёфт.

М. ИМОМНАЗАР,

 «Садои мардум»