«Тоҷик Эйр» парвоз ба Сургутро барқарор менамояд

№133 (3770) 14.11.2017

Фото для пресс - релиза Таджик ЭйрШиркати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» аз 3 декабри соли равон парвозро ба хатсайри Душанбе – Сургут – Душанбе ба роҳ мемонад, ки дар ду ҳафта як маротиб — рӯзи якшанбе, тавассути ҳавопаймои «Boeing 737– 300» сурат мегирад.

- Бояд гуфт, ки васеъ гардидани хатсайри парвозҳо барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад. Айни ҳол «Тоҷик Эйр» хизматрасониро дар интиқоли мусофирон ва бор ба самтҳои Алмаато, Бишкек,  Деҳлӣ, Теҳрон, Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Хуҷанду Хоруғ пешниҳод менамояд, — иброз намуд  котиби матбуотии Ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»