Дар раддабандии бунгоҳи байналмилалии British Backpacker Society, ки чанде пеш ҷамъбаст гардид, Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои аҷиби гардишгарӣ шомил шуд. Кишварҳои бештар мувофиқ ба гардишгарӣ шавқовару ҷолиб Покистон, Россия, Ҳиндустон, Туркия ва Қирғизистон дониста шуда, Тоҷикистон паҳлуи Лубнон ва Чин дар мақоми ҳафтум ҷойгир аст.
Дар раддабандӣ 20 кишвари ҷаҳон ширкат кардаанд, ки Гурҷистон, Уганда, Босния ва Герсоговина, Урдун, Ироқ, Конго, Алҷазоир, Черногория, Миср, Руанда, Косово ва Ӯзбекистон мавқеъҳои аз Тоҷикистон поёнтарро касб кардаанд.
Бунгоҳи British Backpacker Society созмони гардишгариест, ки бештар кишварҳои на чандон маъруфро таҳқиқ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бо ибтикор ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 декабри соли 2017 таҳти рақами 977 соли 2018 дар мамлакат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълом шудааст.
«Садои мардум»