Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (WEF), ки дар Швейтсария баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бехавфтарин кишвари Осиёи Марказӣ дар соли 2017 эълон кард. Дар миёни 136 кишвар Тоҷикистон мақоми 49-умро ишғол намуд. Қазоқистон мавқеи 58 ва Қирғизистон 98 — умро ишғол намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар ин рейтинг Тоҷикистон соли гузашта дар зинаи 76-ум қарор дошт.
Ҷойи аввал ба Финландия ва зинаҳои баъдии ифтихорӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва Исландия насиб гардид.
Ба даҳгонаи беҳтарин Уммон, Гонконг, Сингапур, Норвегия, Швейтсария, Руанда ва Катар низ шомил шуданд.
Эстония мақоми 15 ва Латвияву Литва ҷойҳои 40 ва 42-юмро ишғол карданд. Россия дар ҷойи 109 — ум қарор гирифт.
Мавқеи охирро ҳамчун кишварҳои ноамнтарини ҷаҳон Салвадор, Яман ва Колумбия ишғол карданд.
Ҳангоми тартиб додани рейтинг коршиносон дар мадди аввал вазъи ҷинояткорӣ, терроризм ва низоъҳои ҳарбиро ба инобат мегиранд.
Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ созмони ғайриҳукуматӣ мебошад. Он ҳар сол мулоқоти роҳбарони кишварҳо, сиёсатмадорон ва коршиносони маъруфро дар Давос баргузор мекунад. Зимни вохӯриҳо мушкилоти ҷаҳон, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ ва ҳифзи муҳити зист, баррасӣ мегарданд. Созмонҳои бузургтарини олам аъзои ин форум буда, дар он рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон низ иштирок менамоянд. Буҷети он аз ҳисоби аъзоҳаққӣ ва маблағгузории иштирокдорон асос ёфтааст.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»