10 сентябри соли 2017 дар шаҳри Остона – пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО -2017» ҷамъбаст гардид. Ин чорабинии бонуфуз бори аввал дар яке аз 15 давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор шуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иштирокчиёни фаъоли он буд. Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид дар ин робита чунин гуфт:
- Ин намоишгоҳи бонуфуз як моҳ идома ёфт. Боиси хушҳолӣ ва ифтихор аст, ки павилиони Тоҷикистон дар он баҳои баланд гирифт.
Барои муаррифии ҷолиб ва асосноки яке аз мавзӯъҳои асосии намоишгоҳ — оқилона истифода бурдани захираҳои об ва неруи барқ Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Мо дар намоишгоҳ тавассути суҳбату мулоқот ба тамошобинон, намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногуни байналмилалӣ, бо истифода аз воситаҳои айёнӣ ин мавзӯъро муаррифӣ кардем. Дар натиҷа, барои ҳамкорӣ дар самти рушди соҳаи гидроэнергетика, бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, пайдо кардани шарикон ва сармоягузорон имконоти нав ба вуҷуд омад. Таваҷҷуҳи бисёриҳо ба павилиони Тоҷикистон ва мавзӯи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, пеш аз ҳама, дар он буд, ки иқдомоти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон паҳн ва боиси дастгирии бисёр давлатҳои дунё гардидааст.
Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО – 2017» беш аз 400 ҳазор нафар тамошо карданд.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»