Охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта муборизаҳои ҷунбишу созмонҳои гуногуни миллӣ барои Истиқлолияти Тоҷикистон оғоз ёфтанд. 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон бори аввал «Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ» қабул шуда буд. Вале ин ҳуҷҷат истиқлолияти комили мамлакатро таъмин карда наметавонист.
Пас аз «табаддулот»-и бебарори 19-21 августи соли 1991, ки онро Кумитаи давлатии вазъи фавқулода (ГКЧП) дар шаҳри Москва амалӣ кардан мехост, муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии Тоҷикистон барои истиқлолияти комили кишвар шиддати тоза гирифт. Гирдиҳамоиҳои серодам дар Душанбе ва баъзе шаҳрҳои дигари ҷумҳурӣ баргузор гардиданд. Бо талаби тазоҳуркунандагон Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.
9 сентябри соли 1991 вакилон дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ расман Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.
Соҳибистиқлол гардидани давлати тоҷикон душманони миллатро хуш наомад. Бо иғвову дасисаҳои онҳо дар кишварамон гурӯҳбозӣ ва майдоннишинӣ оғоз шуд ва оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Зиндагии осоиштаи мардум халалдор гардида, соҳаҳои хоҷагии халқ хисороти калон дид. Мардуми осоишта хонаву манзили худро тарк намуда, гуреза шуданд.
Пас аз истеъфои маҷбурии роҳбари мамлакат Раҳмон Набиев 6 сентябри соли 1992 вазъият боз ҳам мураккабтар гардид. Чунин вазъ намояндагони халқ-депутатҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намуд, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намоянд. Дар ҳамин ҷо фарзанди баруманди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати миллии тоҷикон интихоб шуд.
Маҳз бо кӯшишу заҳмат ва ҷасорату шуҷоати ин қаҳрамони миллат ҳокимияти давлатӣ дубора барқарор гардид. Яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлатӣ таҳти назорати доимӣ гирифта шуд.
Дар сатҳи давлатӣ сиёсати мусолиҳаи миллӣ ва гуфтушуниди байни тоҷикон оғоз ёфт. Пас аз чанд даври музокирот ва гуфтушунид байни намояндагони давлат ва мухолифини тоҷик, ки дар шаҳрҳои Теҳрон, Ашқобод, Алмаато ва ғайра баргузор гардиданд, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Пас аз барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ, зарурати ба таври расмӣ муайян намудани роҳи минбаъдаи кишвар ва тараққиёти самтҳои мухталифи ҳаёти он ба миён омад.
Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) барои эълон намудани муқаррарот дар бораи амалӣ гаштани ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақил замина гузошт. Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Кушода шудани нақби Анзоб, сохтмони роҳи автомобилгарди ағбаи Шар — Шар, ба кор даромадани НБО-и «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2», хатти барқии Ҷанубу Шимол, оғози нави корҳо дар НБО-и «Роғун», кушода шудани нақби Шаҳристон аз дастовардҳои бузурги истиқлолият ба шумор мераванд.
Имсол низ дар арафаи ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани чандин иншоот дар назар аст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд.
Аз самараи неки истиқлолият аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гаштааст, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Мо бояд бо давлату миллати худ фахр кунем, барои боз ҳам машҳур гардидани Ватанамон кӯшишу ғайрат намоем. Бигузор, Истиқлолият поянда бошад ва барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳо оварад!
П.Т. Мирзозода,
судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон