Ин нуктаро сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомиддин Сатторов зимни мулоқот бо президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон Темур Ҳакимов баён дошт, ки 28 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Уфа ҷараён гирифт.
Тавре Темур Ҳакимов гуфт, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон, ки моҳи ноябри соли 1990 таъсис ёфтааст, ташкилоти ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, манфиати соҳибкории хурд, миёна ва бузургро ҳимоя мекунад, дар баргузории намоишгоҳу ярмарка, форумҳои соҳибкорон, ташхиси маҳсулот, сертификатсия кардан ва баҳодиҳии маҳсулот саҳм мегузорад. Он дар кишварҳои Эрону Покистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Германия, Латвия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Хитой ва Тоҷикистон намояндаи тиҷоратӣ дорад.
Имомиддин Сатторов ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба маҳсулоти нефтии Бошқирдистон, аз ҷумла, авиакеросин, бензин ва кокс махсус таъкид ва зикр кард, ки меваю сабзавоти хушлаззат ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон дар Бошқирдистон ҳаводори зиёд дорад.
- Кишвари мо бо пахтаи миёнанах ва маҳиннах машҳур аст. Аз ин рӯ, маҳсулоти корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон метавонад дар Бошқирдистон талабгори зиёд пайдо намояд, — гуфт Имомиддин Сатторов.
Сафир, инчунин, дар бораи захираҳои туристии Тоҷикистон, аз ҷумла, обҳои шифобахш ва чашмаҳои гарми кишвар маълумот дода, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи туризмро яке аз самтҳои муҳими робитаҳои дуҷониба номид.
Имомиддин Сатторов мавқеи географии Тоҷикистон ва ҳамсоягии он бо Афғонистонро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҷумҳурии мо метавонад барои Бошқирдистон дарвозаи Осиёи Ҷанубӣ гардад. Инчунин, корхонаҳои азими саноатии Бошқирдистон имкон доранд дар Тоҷикистон намояндагӣ ифтитоҳ намуда, маҳсулоташонро ба Афғонистону Покистон ва Эрону Ҳиндустон содирот кунанд.
Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки бо мақсади рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар фурсати кӯтоҳ барои баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистону Бошқирдистон мусоидат намоянд.
Зимни мулоқот ба ҳозирин филми мустанад дар бораи захираҳои табиӣ ва иқтидори иқтисодии Бошқирдистон намоиш дода шуд. Дар он зикр гардид, ки арзиши потенсиалии канданиҳои фоиданоки Бошқирдистон зиёда аз 150 миллиард долларро ташкил медиҳад. Махсусан, истихроҷу коркарди нефт, соҳаҳои металлургияи сиёҳу ранга ва химия хуб ба роҳ монда шудааст. Ғайр аз ин, дар ин ҷо конҳои ангиштсанг, маъдани оҳан, хром, манган, мис, руҳ, қӯрғошим, никел, кобалт, алюминий, тилло, нуқра, алмос ва платина мавҷуданд. Қариб 49 фоизи истихроҷи маъдани миси Федератсияи Россия ба Бошқирдистон рост меояд. Аз рӯи истеҳсоли тилло Бошқирдистон дар минтақаи Урал ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Захираи фонди ҷангали ҷумҳурӣ 6,2 миллион гектарро ташкил медиҳад. Бошқирдистон аз ҷиҳати ҳаҷми коркарди нефт миёни минтақаҳои Федератсияи Россия дар ҷои аввал қарор дорад.
Самариддин АСОЗОДА, Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум», Душанбе — Москва — Уфа – Душанбе