Тоҷикистон, ҷону ҷонон…

№112 (3097) 07.09.2013

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 22- сола шуд.  Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати як давлати мустақил шинохта шуд ва то имрӯз ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, пояҳои давлати миллиро  таҳким бахшиду даст ба ислоҳоти бунёдӣ зад. Аз ҷумла сулҳу субот ва озодии мардум яке аз шартҳои асосии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буд, ки тавассути хизмату заҳматҳои бесобиқаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии аҳли ҷомеа таъмин шуд. Кишвар аз таҳдиди абарқудратҳо ва андешаҳои зӯран таҳмил шуда, ҳифз гардид. Соҳибихтиёрии давлат аст, ки бо низоми хосаш самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва роҳҳои пешрафти иқтисодиётро муайян карда, ба масири пешрафт гом мениҳад. Бурдубохти сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ, пешрафт ё ақибмондагии иқтисодию иҷтимоии он ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва ҷаҳонбинию фаъолияти масъулин ва аҳли ҷомеа сахт вобастагӣ дорад. Бо дарки ин масъулияти бузург онҳо барои таъмини амнияти халқ ва зиндагии осоиштаву таҳкими истиқлолияти давлатӣ вазифадор буда, нисбат ба рӯйдодҳои дохиливу хориҷӣ ва иқдомҳои муфид мустақилона мавқеъгирӣ менамоянд. Ҳукуматдорони кишвар бо огоҳӣ аз қонуниятҳои давлатдорӣ вазифадоранд, ки маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва рӯҳияи ватандӯстӣ дошта бошанд.

Тавре мушоҳида мешавад, дар сохторҳои ҳукуматӣ рӯз ба рӯз ба нафарони донишманду соҳибистеъдод рӯ оварда истодаанд. Феълан стратегияи давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол болои се ҳадаф – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мардум қарор дорад. Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳои бузург вақти зиёд лозим аст. Хусусан, дар шароити кунунӣ, сарфи назар аз монеагузориҳои бархе кишварҳо ва эҷоди мушкилот лоиҳаҳои бузург дар ҷумҳуриамон тадриҷан амалӣ мешавад.

Истиқлолияти давлатӣ буд, ки Тоҷикистон аз сиёсати дарҳои кушода кор гирифт ва бо ҷаҳони муосир наздикӣ пайдо карда, ҳамкориҳоро тавсеа бахшид. Мисоли равшан ин аст, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар арафаи таҷлил аз солгарди истиқлолият дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур беш аз 900 нафар мутахассисону коршиносони маъруф аз 90 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Яке аз рӯйдодҳои хотирмони даврони соҳибистиқлолии кишвар ин расман 159-умин узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки рӯйдоди мазкур  баҳори соли 2013 сурат гирифт. Коршиносон чунин иқдомро барои Тоҷикистони ҷавон қадами бузург дар роҳ ба сӯйи истиқрори иқтисоди босубот унвон намуданд. Дар ин робита, донишмандон бар он боваранд, ки сол ба сол вобастагии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ тадриҷан коҳиш меёбад.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ хеле боло рафт. Аз ин ҷост, ки Роҳбари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд дар ҳалли муаммоҳои башарият ба таври мустақилона бо пуштибонӣ аз манфиатҳои миллӣ мавқеъгирӣ мекунад.

Воқеан, истиқлолият неъмате аст, ки бо шарофати он арзишҳои таърихӣ ҳифз гардида, илму фарҳанг ва низоми мактабу маориф тадриҷан рушд мекунад. Муҳимтар аз ҳама, шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз ҳарвақта дида, зери Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол муттаҳидтар гардида, бо азми қавӣ пайи пешрафти давлат мебошанд. Бо умеди устувории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин ҷашни таърихиро ба ҳамватанони азиз муборакбод мегӯем ва бо байти зерин, ки саршор аз муҳаббату дӯстдорӣ аз Ватан аст, суханро хотима мебахшем.

Тоҷикистон, ҷону ҷонон,

Тоҷикистон, беҳтар аз ҷон.

 

Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»