Раванди сиёсишавии ислом, ки аз ибтидои солҳои 20-уми асри XX дар кишварҳои арабӣ, Покистону Эрон ва Афғонистон шурӯъ гардид, ба ғайр аз афзоиш додани терроризму ифротгаройии динӣ ва даҳшатфизоӣ ҳосили дигар ба бор наовардааст.
Ин «мараз»-и маргзои исломи сиёсӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна низ сироят карда, ҳамчун омили ҷудойиандоз ва фитнаангез баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар сар задани нооромиву даргириҳои минтақа, хусусан ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, тавассути ташкилоти террористии ҲНИТ нақши асосӣ дошт. Махсусан, дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз номи демократия ва озодии баён суиистифода карда, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон неруҳои воқеан озодандеш ва демократиро ба доми фиреб кашид ва бо роҳи зӯроварӣ кӯшиши дигар намудани сохти конститутсионӣ, ба даст овардани ҳокимияти сиёсиро намуд, ки натиҷаи он сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, талаф ёфтану бехонумон шудани шумораи зиёди аҳолӣ ва ба чанд сол қафо кашидани ҷумҳурӣ гардид. Зеро ҲНИТ ҳамчун бозичаи дасти душманони хориҷӣ дар фазои сиёсии Тоҷикистон барои аз байн бурдани ҳар гуна озодандешӣ ва истиқлолхоҳии миллӣ тарҳрезӣ шуда буд ва мебоист манфиатҳои ғаразноки онҳоро дар амал татбиқ менамуд. Хушбахтона, мардуми шарафманди тоҷик дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ҷамъ ва бар ин неруи аҳриманӣ ғолиб омада, кишварро наҷот доданд.
Баъд аз барқарории сулҳу субот роҳбарон, масъулон ва аъзои ҲНИТ дар қатори дигар мухолифон афв гардиданд ва мардум умед дошт, ки онҳо аз амалҳои манфури худ даст кашида, дар фикри ободию созандагии Ватан мешаванд. Аммо ташкилоти террористии ҲНИТ, ки ҳамеша дар ниҳодаш бадандешиву хиёнатпешагӣ буд, дар фазои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ҷойгоҳ пайдо карда, бо суиистифода аз эҳсосоти динии мардум дубора даст ба амалҳои ҷудойихоҳонаву фитнаангез зад ва моҳи сентябри соли 2015 кӯшиш кард, ки бо роҳи зӯриву табаддулот қудрати сиёсиро ба даст гирад.
Гарчанде Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир ба ҲНИТ гузашт карда, умед дошт, ки дар роҳи эъмори давлати миллӣ қадамҳои созанда хоҳад гузошт, ин ҳизби террористӣ, ки фишанги дасти неруҳои иртиҷоии мазҳабии хориҷӣ буд, боз ҳам хиёнат кард. Вале ҳоло солҳои 90-уми асри гузашта нест. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи амнияти кишвар қудрати кофӣ доранд ва мардуми огоҳи мо дигар аз паси чунин неруҳои табоҳкор намераванд. Мисоли равшан амали хиёнаткоронаи ҲНИТ дар моҳи сентябри соли 2015 аст, ки сохторҳои қудратии Тоҷикистон тавонистанд онро пешгирӣ ва ҷинояткоронро саркӯб намоянд. Дар натиҷа, ҲНИТ мамнуъ ва террористӣ эълон гардид. Роҳбарону масъулони он тибқи қонун боадолатона ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Дар ҳоле ки режими исломи сиёсӣ ва созмонҳои ифротии мазҳабӣ душманони сиёсии худро ба дор меовезанду сангсор мекунанд ва ё ба дигар ҷазоҳои сангин гирифтор месозанд. Чунин ҳодисаҳои талху маргборро таърих дар замони Қутайба ибни Муслим, Темури Ланг, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва Бухорои амирӣ хуб дар ёд дорад. Куштани ваҳшатноки Фархунда дар Афғонистон, ҷиноятҳои хонумонсӯз ва каллабуриҳоро дар Сурия аз тарафи ДИИШ, «Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат ан — нусра» аз наворҳои видеоӣ мушоҳида кардаем. Яъне, то замоне ки даст аз сиёсикунонии дину мазҳабҳо бардошта нашавад, чунин ваҳшонияту беадолатиҳо идома хоҳанд ёфт.
Мутаассифона, таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки аз ҷониби исломи сиёсӣ ва терроризму ифротгаройии динӣ дар симои ҲНИТ сар зад, дар Сурия такрор ёфт. Агар ба вазъи чанд соли охири Сурия хубтар таваҷҷуҳ намоем, дарк мекунем, ки як монандие бо вазъи солҳои 90-уми асри бистуми Тоҷикистон дорад. Дар Сурия низ аз ҷониби неруҳои манфиатхоҳи хориҷӣ чунин нақшаи тахрибкорона ва миллатсӯзи мисли ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо номи озодиву демократия роҳандозӣ шуд ва хостанд, ки ба воситаи ташкилотҳои террористию ифротии динӣ ҳукумати қонуниро сарнагун созанд, паҳнои фитна, тарсафканӣ ва ҷинояткориро дар он кишвар тавсеа бахшанд. Дар натиҷа, дар як муддати кӯтоҳ Сурияи гулгулшукуфон хароб ва ҳазорон шаҳрванди он куштаву бехонумон гардид. Хушбахтона, аксари аҳолии Сурия, ки мардуми огоҳанд, бар зидди ташкилоту созмонҳои террористию ифротӣ мубориза бурда истодаанд, то ватани худро озоду дубора обод созанд. Боиси таассуф аст, ки як идда шаҳрвандони ифротиву мазҳабзадаи Тоҷикистон низ дар сафи ташкилотҳои террористии он кишвар худро ҷой кардаанд.
Аз ин рӯ, ҷавонони тоҷикро зарур аст, ки бештар ба илму дониш рӯ биёранд, то фирефтаи доми ташкилотҳои террористию ифротӣ, ба монанди ҲНИТ нагарданд. Вобаста ба ин, мутолиаи асарҳои Садриддин Айнӣ мувофиқи мақсад аст. Қаҳрамони воқеии халқи тоҷик С. Айнӣ дар асарҳои мондагор ва тақдирсози худ, ба мисли «Ҷаллодони Бухоро», «Ёддоштҳо», «Марги судхӯр» ва ғайра чеҳраи манфури исломи сиёсӣ ва найрангҳои диндорони иртиҷоиро хеле хуб ба тасвир кашидааст. Маҳз аз сабаби нахондани чунин асарҳои бузургмардони миллат ва натиҷагирӣ накардан аз онҳо як қисми ҷавонони мо осебпазиранд ва ба осонӣ туъмаи ифротгароён мегарданд. Вале замоне расидааст, ки ҷавонони тоҷик ва ҳамаи он касоне, ки нисбат ба тақдири миллат бетараф нестанд, бояд овоз баланд кунанд ва дар пайи огоҳӣ, озодӣ ва ободӣ қадамҳои устувор гузоранд, зеро мо миллате ҳастем, ки дар баробари ҳама гуна тамаддуни барбариву зиддиинсонӣ фарҳанг офаридем. Мо бояд ба такрори иштибоҳҳои худ хотима бахшем.
Суҳроби МУРОД