Дар ҳошияи мақолаи «Илм ва амният»-и с. Ятимов, «Садои мардум», 13 ва 15 июни соли 2017, №70, 71
Мундариҷа ва ғояи мақолаи «Илм ва амният» фарох ва арзишманд аст. Сабк ва услуби нигориши он ҷолиб ва ҳирфаист.
Пинҳон нест, ки муташанниҷ, осебпазир, таҳдидофарин ва мураккаб гардидани авзои сиёсӣ-ҷамъиятӣ, амниятӣ, ҳолати крименогении минтақаи Ховари Миёна, бархӯрди манфиатҳои бузурги ҷаҳонӣ ва дар ин замина шаклгирӣ ва тавсеаёбии ҳизбу ҳаракатҳои такфирӣ-ифротӣ, афзоиши амалҳои интиҳорию инфиҷорӣ аз ҷониби маргталабон, ки дар пайи таъсиси ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» — «Хилофат» ҳастанд, моро водор менамояд, ки нисбат ба ин зуҳуроти хатарнок бетараф набошем.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва хулосабарориҳои амиқи илмӣ, касбӣ ва тахассусӣ гувоҳи онанд, ки бидуни илму маърифат, дониш ва фанноварӣ шинохти худшиносию худогоҳӣ, душманшиносӣ-душманкӯбӣ, ҳифзи амният, ҳувият, бедории миллию динӣ мушкил ва ғайриимкон аст.
Инсон аз рӯзи таваллуд то марг ниёз ба амнияти шахсӣ, физикӣ, равонӣ, иқтисодӣ, хонаводагӣ, сиёсӣ, низомӣ, интизомӣ, зеҳнӣ, тозагии дин, фарҳанг, мазҳаб, амнияти фикрӣ, ҷуғрофӣ, фанноварӣ, технологӣ, иттилоотӣ, ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ дорад. Дар ҳолати надоштани яке аз анвои амният қаламрави ҳокимияти зеҳнӣ ва тафаккури шахсию ҷамъиятӣ осебпазир гашта, ҷисму рӯҳ аз лиҳози физикӣ заифу нотавон мегардад. Ин омил сабаби тақвиятёбии таассуб, ҷаҳолат, гумроҳӣ, тавсеаёбии созмонҳои экстремистӣ, хушунат, ифрот ва таҳдидофариниҳои маргбор ва бегонапарастии аксарият дар ҷомеа хоҳад гашт.
Амният ва оромиш ҷони миллат, қувват ва тавоноии ҷомеа ва давлат аст. На танҳо кишвари мо, балки тамоми низом ва давлати дунё ниёз ба амният доранд. Дар ҳар кишвар ва минтақае, ки амният ва оромиш вуҷуд надорад, дар он ҷо ҷанг, низоъ, хунрезӣ, қатлу куштор нақши муҳим доранд.
Нодида гирифтани амният ва унсурҳои он боис мегардад, ки дар афкори ҷамъиятӣ ва андешаи умум ҳисси хурофот, таассуб, бадбинӣ, бегонапарастӣ, бегонагароӣ, ришваситонӣ, ришвадиҳӣ, худситезӣ, ҳақношиносӣ, фиреб, кизб, рибо, риё, душманситоӣ, душманпарастӣ, душмангароӣ, хушунат, мазҳабситезӣ, ватангурезӣ, маргталабӣ, таҳдидофаринӣ, рибохӯрӣ, туҳмат, кинатузӣ ҳамчун унсури мусбат ва омили муҳими ҳаёт рушд менамояд. Шакл мегирад. Тавсеа меёбад. Ахлоқ ва адолат нест мегардад.
Дар ҳолати осебпазир будани амнияти зеҳнӣ, муҳити динӣ ва заиф будани афкори умум метавон гуфт, ки аҳамият, арзиш, муҳимият ва моҳияти амнияти давлатдории миллӣ ношинохта боқӣ хоҳад монд. Халогиҳои маънавӣ ва ҳисси бегонапарастӣ, бистари мулоиме барои пайдоиши ҳизбу созмонҳои экстремистӣ, шаклгирӣ ва тавсеаёбии ақидаву афкори душман, бахусус терроризми байналмилалӣ дар ҷомеа хоҳад гашт. Ин омил рӯҳи садоқат ба миллат, ҷомеа ва давлатро заиф ва нотавон мекунад. Садоқат ба миллат, ҷомеа ва давлатдории миллӣ дар заминаи илмӣ ва дастовардҳои фаннӣ ҳамеша побарҷо ва тавоно аст. Хурофот ва ҷаҳолат омили бадбахтӣ ва табоҳӣ барои рушд ва такомули ҷомеа ба шумор меравад.
Таърих гувоҳ аст, ки Муҳаммад барои уммати воҳидаи исломӣ гуфта буд: «Талаби илм бар ҳамаи мардон ва занони мусалмон фарз аст» ва «Талаб кунед илмро агарчанде, ки бошад дар Чин» . Аммо ин фармудаи Паёмбари Худо аз зеҳн ва афкори умумии бархе аз мусалмонон зудуда гашта, ҷои илму донишро таассуб, хурофот, ҷаҳолат, такфир, ифрот, қатлу куштор, хушунат, ифрот, тафрит ва кирдору рафторҳои ваҳшатноки ҷинояткорони байналхалқӣ фаро гирифтааст.
Ғоя ва идеяи матраҳ намудаи Муҳаммад (с) дар мавриди иззату каромати илм, мақом, ҷойгоҳ ва моҳияту аҳамияти «Талаби илм фарз аст» барои мусалмонон бегона шуд. Иддае фарзандон ва нури чашмони худро шомили ташкилот ва созмонҳои террористӣ намуда, бо шайтонҳои бузург: Абӯумар, Язидмаслакон, Абӯбакри Бағдодӣ ва дигар террористон, ки онҳо ягон иртибот ба дини мубини ислом ва арзишу муқаддасоти ваҳйи осмонӣ — Қуръони карим надоранд, байъат менамоянд.
АЗ УСТУХОН ВА ХУНИ МУСАЛМОН «ХИЛОФАТ» МЕСОЗАНД
Шустушӯи мағзӣ ва ҷалби ҷавонон ба ташкилот, созмон ва ҳизбҳои ифротӣ афзудааст. Афроди ифротӣ ва маргталаби мутаассиб дар талаби нӯшидани ҷоми шаҳодат, дарёфти мақоми «Шаҳид» ва «Ризоияти Парвардигор» ҳастанд. Бо аслиҳа (силоҳу муҳимоти ҷангӣ)-и бегонагон ва бо истифода аз камарбандҳои маргбори террористӣ хонаву кошона, масоҷид, мадраса, донишгоҳ, марказҳои беҳдоштӣ, мактабу дабистон, биноҳои маъмурию сиёсӣ, роҳҳои оҳану майдони ҳавоии кишварҳои мусалмоннишинро ба харобазор табдил медиҳанд. Мекушанд, то кушта шаванд. Қатл мекунанд, то қатл карда шаванд. Ғорат мекунанд, то ғорат карда шаванд. Зино мекунанд, то зино карда шаванд. Тахриб мекунанд, то тахриб карда шаванд. Террор мекунанд, то террор карда шаванд. Ситам ва зулм мекунанд, то ситам ва зулм карда шаванд. Террори сиёҳ чун олитарин мақоми шаҳодат шакл мегирад. Сироят мекунад. Морони Заҳҳок ва Аҳриманҳои такфирӣ мағзи сар мехӯранд. Аз устухон ва хуни мусалмон «Хилофат» месозанд.
Ҷаллод. Интернатсионалистони сиёҳ (толиб, дииш, салафӣ) сиёҳпӯшанд. Хатарнок. Худкафон. Таҳдидофарин. Қотил. Бераҳм. Ҷоҳиланд. Парчами сиёҳ. Либоси сиёҳ. Рӯи сиёҳ. Риши сиёҳ. Қалби сиёҳ доранд. Мақсад, ҳадаф, амал, кирдор, дурнамои сиёҳ доранд. Хоҳарони исломӣ, масеҳӣ, курд, буддоӣ ва католикиро асир мегиранд. Мефурӯшанд. Аз озодии маънавӣ ва динӣ маҳрум менамоянд. Иззат, каромот, қудсият ва азамати зан барои Язидпарастон арзиш надорад. Мардон ва шавҳарони бонувонро ваҳшиёна қатл менамоянд. Мардуми бумиро дар амалиётҳои террористӣ чун сипари амниятӣ ва маводи тарканда истифода мебаранд. Динро ҳамчун оини террор ва озору шиканҷа дар арсаи байналмилал муаррифӣ месозанд.
С. Ятимов таъкид намуда: «Вазъи имрӯзаи олам, минтақа мураккаб аст. Масъалаи аслӣ — таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлат мебошад. Дар маркази баҳс масъалаи ҳифзи сулҳу субот ва амният меистад. Ин мавзӯи дараҷаи аввал маҳсуб мегардад. Ҳар нафаре, ки қудрати фикри солимро дорад, намехоҳад «чеҳра ба гиря бишӯяд ва оҳанги рақс аз оҳу нола биҷӯяд» (Ҳофиз). Ҳамзамон маълум аст, посух ба ин асрор корест на осон».
Мо низ ба гуфтаи С. Ятимов ҳамнаво ва ҳамфикрем. Чолишҳои байналмилалӣ ва ташаннуҷи авзои сиёсию ҷиноии минтақа моро водор менамояд, ки дар мубориза ва муқовимат алайҳи тавтиъа ва талбисоти ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва гурӯҳҳои бад амнияти шахсӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ, миллӣ ва мазҳабии худро, ки сарчашмаи саодатмандии ҳаёт ва хушбахтии диёнати мо аз онҳо бастагӣ дорад, ҳифз намоем ва решаи адувони миллат ва хоинони ватанситезро аз хоки кишвар барканем.
Заминаи ихтилоф ва низои мазҳабии суннӣ ва шиа дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Бародарони ташаюи исмоилимазҳаби Бадахшон асрҳо бо ҳанафимазҳабон дар муҳити дӯстона, бародарона ва хешутаборӣ зиндагӣ доранд.
Вазъи печидаи олам ва минтақа дар он зоҳир мегардад, ки қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ барои соҳиб гаштан ба манофеи геосиёсӣ, геонизомӣ ва геоиқтисодӣ, захираҳои табиӣ ва канданиҳои фоиданоки зеризаминии кишварҳои мусалмоннишин таҳоҷум намуда, миллиардҳо доллар барои истеҳсол ва фурӯши силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ сарф менамоянд. Истеҳсолкунандаи силоҳу яроқ қудратҳоянд, на давлатҳо. Ҷавонони исломиро барои истеъмоли маводи мухаддир ва шомил шудан ба ташкилотҳои террористӣ ҷалб менамоянд.
Мутаассифона, сокинони мусалмоннишини минтақа аз нақша ва барномаҳои террористони байналмилалӣ ва дурнамои душман огоҳу воқиф нестанд. Хандаи шамшер, ғурриши табарзини ҷаллодро намешиносанд. Ҳадаф. Мақсад. Ғоратгарон ва дуздони байналмилалиро ҳис ва дарк накардаанд. Ғофиланд. Ғофили ҳақиқат. Намедонанд, ки:
«Гар ба қадри як нафас ғофил шудӣ,
Дур сад фарсах аз манзил шудӣ» (Иқбол).
Ташкилотҳои террористию экстремистӣ тибқи барнома ва нақшаҳои тарроҳинамудаи қудратҳои манфиатдор ва бо пуштибонии молию пулии онҳо талош доранд, ки давлат ва кишварҳои хурд, нотавон ва дар ҳолати рушдро тобеъ ва мутеи худ созанд. Манфиатҳои миллию ғановатҳои зеризаминӣ, сарватҳои илмӣ, фикрию ақлонии кишвар ва бахусус неруи ҷавонони кишварҳои мусалмоннишинро аз худ намуда, минтақаро зери назорат ва зертобеи ғаразҳои геосиёсию геоиқтисодӣ ва геонизомии худ қарор бидиҳанд.
Душман барои амалӣ намудани мақсад ва дурнамои худ нақша меофарад.Сармоя ва маблағ ҷудо мекунад. Вазъи иҷтимоӣ, низомӣ, амниятӣ, бурду бохти иқтисодӣ, нуқоти заъфи сиёсию фарҳангӣ, авомили осебзадаи муҳити динӣ, ақлонӣ, зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии ҷамъиятии ҳар минтақа ва кишварро бо беҳтарин шеваҳои технологии муосир ва ченакҳои оморӣ меомӯзад. Омил ва занҷираҳои муттаҳидкунандаи қавму миллат ва унсурҳои бедории миллию мазҳабиро, ки сипари муҳими амниятӣ маҳсуб меёбанд, мешикофад, мешиканад, корношоям ва осебзада месозад.
Ҷавонони бехабари мусалмонро дар асоси мафкура ва ақидаи ифротӣ, такфирӣ, бегонапарастӣ шустушӯи мағзӣ намуда, дар дохил ва хориҷ аз кишвар тавассути гумоштаву ҷосус, миссионер, муфтичаҳои мунофиқ, воизони хоин, мавлавиҳои фурӯхташуда ва муздурони дастгоҳҳои иттилоотии фарокишварӣ дар асоси китоб, асар ва барномаҳои тавҳидии шайх ва муассисони равияҳои иртиҷоӣ чун «Ал-қоида», «ДИИШ», «Салафия», «Боко Ҳарам», «Ансоруллоҳ», «Сидиқлар», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳизбу-т-Таҳрир ал-исломия», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Гурдони Имом Бухорӣ», «Аннусра», «Фатҳу-ш-Шом», «Толибон» ва дигар ҳизбу созмонҳои террористию экстремистӣ баҳри муқовимат бар зидди давлатдории миллӣ ва аҳкому аркони сохтори низоми конститутсионӣ ва мазҳаби ҳанафӣ даъват менамоянд.
Гумошта ва мударрисони дорои афкор ва ақидаи такфирӣ, дар асоси принсипҳои «тақия» фаъолият намуда, барои фиреби мардум ва кормандони ниҳодҳои амниятию интизомӣ ва аз даст надодани мавқеъ ва мақоми ишғолкарда дар сохтор, ниҳодҳои динӣ ва донишкадаи исломӣ худро «ҳанафӣ» ё аҳли «суннат» мехонанд. Дар асл кашиши эътиқодӣ, майли фитрӣ ва ақидавии онҳо ба самти хориҷ намудани ҷавонони таҳаммулгаро аз доираи ҳавзаи таълимоти Имоми Аъзам ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.
Тоифаи мазкур вожа, калима, истилоҳот, ибораҳои қуръонӣ, аҳодису-н-Набӣ, масоили фиқҳӣ, матн ва мавзӯъоти диниро вожгуна, ғалат, дурӯғ ва дар асоси мафкура ва ҷаҳонбинии машоихи фитнагар, пешвоёни моҷароҷӯи такфирӣ ва бемазҳабони ифротӣ шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Мардумро мефиребанд. Ахлоқ ва одоби исломӣ надоранд.
Дар ин замина ихтилоф ва низои мазҳабӣ, аз ҷумла, тухми кина ва адовати динӣ мекоранд. Оташи низои суннӣ ва шиаро меангезанд. Барои заъф ва осебпазир намудани амнияти давлатӣ ва маҳву нест кардани таълимоти мазҳаби ҳанафӣ бистар ва заминаи мусоид фароҳам месозанд. Дар ин самт таҷриба доранд. Сармоя доранд. Пул доранд. Пушт доранд.
ОХУНДИ ТУРКУ ЭРОНИЮ ВАҲҲОБӢ ВА МУЛЛОИ ТОҶИК
Охундҳои турку эронию ваҳҳобӣ аз улуми дин ва сиёсӣ бохабаранд. Динро бо сиёсат ва сиёсатро ба дин омезиш намедиҳанд. Тавассути мавъиза, даъват, амри маъруф, наҳй аз мункар, фатво, аркон, аҳкоми шаръӣ аз низом, сиёсати давлатдорӣ, муқаддасоти миллӣ, амнияту суботи кишвар, давлат ва миллати худ дифоъ мекунанд. Охундҳои турку ваҳҳобӣ ҳувият, ҳисси миллии худро ба воситаи дин ҳифз мекунад.
Аммо. Бо камоли таассуф. Бисёре аз мулло, воиз ва сархатибҳои тоҷик баръакси охундҳои турку эронию ваҳҳобӣ аз улуми сиёсӣ қариб бехабаранд. Динро бо сиёсат омезиш медиҳанд. Ҳис ва ҳувияти миллӣ аз даст додаанд. Кӯркӯрона ба охундҳои бегона дар ришгузорӣ, либоспӯшӣ, сухангӯӣ, рафтор, ақида, ва муносибат тақлид мекунанд. Равиш ва одоби намозгузории ҳанафиро омехта бо аносири бегонапарастӣ (салафия) намуданд. Бисёре аз сархатибони масҷидҳои ҷомеъ қабл аз баргузории намози «Ҷумъа» «шпарлгалка»-ҳои дасташонро озодона ва бурро хонда наметавонанд. Вақти он фаро расидааст, ки аз дониш ва таҷрибаи мулло ва рӯҳониёни кишвар, ки таълимгирифтаи мактаби диёнатӣ ва ҳавзаҳои илмии Бухорову Самарқанд ҳастанд, самаранок истифода намуд. Онҳо кам боқӣ мондаанд. Дониш ва маълумоти мазҳабии онҳо монеи бузург барои густариши ақидаи ботил ва афкори шуми ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва равияҳои ислоҳталаби ифротӣ мебошанд. Яке аз ҳадафҳои калидии намояндаҳои иртиҷоӣ дур намудани муллоҳои суннатӣ аз минбар ва меҳробҳои масҷид ба шумор меравад.
Мулло бояд ҳушёр, бедор бошад. Ҳувият, худшиносӣ дошта бошад. Тақлиди кӯркӯрона ба охунди бегона, ақидаи бегона, идеологияи бегона рӯзашро сиёҳ ва ҳолашро табоҳ мекунад.
Дар ин замина бояд зикр намоям, нақши аҳли илм, зиёиён, шоирону нависандагон дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷараёнҳои иртиҷоии такфирӣ заиф аст. Онҳо дар ҳолати сукут ва ё бетарафӣ нисбат ба ифроту такфир қарор доранд ва ё ин омили хирадсӯз ва хатарнокро дарк накардаанд.
ШАКЛГИРИИ СИСТЕМАВИИ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН
На танҳо гурӯҳ ва ташкилотҳои террористӣ барои расидан ба ҳадафҳои шум ва марговари худ дин ва неруи созандаи ҷавонони исломиро ҳамчун силоҳ ва яроқи шикастнопазир истифода мебаранд, балки қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ аз ғофилӣ ва бехабарии мусалмонон истифода карда, дар пайи таъсиси «Артиш ва пойгоҳҳои низомии исломӣ». «Хилофат» месозанд, ДИИШ таъсис медиҳанд, Артиши байналмилалии террористӣ омода менамоянд.
Системавӣ шаклгирии ташкилот, ҳаракат ва ҳизбҳои ифротӣ падидаи нав аст. Дастгоҳ ва ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ моҳияти байналхалқӣ касб намудаанд. Фаъолияти ҷиноятии онҳо дар доираи як давлат хатм намешавад.Хатар ва таҳдидҳои системавӣ шаклгирии ташкилот ва ҳаракатҳои террористӣ-ифротӣ пинҳон нест, аммо ношинохта боқӣ мондааст. Ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ фишанги фишороварӣ барои давлатҳои алоҳида ва қавму миллатҳо истифода мешаванд. Фаъолиятҳои хунин ва террористии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон, Яман, Сурия ва Ироқ нишон медиҳад, ки айни замон то 22-25 ҳазор размандаи тундрав аз кишвар, миллат ва давлатҳои гуногун дар асоси ақидаи муштарак доштан ҷамъ омада, системавӣ алайҳи неруҳои ҳукуматӣ меҷанганд.
Шаклгирӣ, тавсеаёбии «Давлати исломӣ» ва содиршавии амалҳои даҳшатбори инфиҷорӣ аз ҷониби маргталабони мутаассиб дар хоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар давлатҳо стихиявӣ нест. Ин раванд системавӣ, экспериментӣ ва дар асоси формула, нақша, теорема ва чорабиниҳои амиқи касбӣ аз ҷониби дастгоҳҳои террористӣ роҳандозӣ мегарданд. Бинобар ин, воҷиб аст ки муқовимати системавӣ алайҳи шаклгирӣ ва решадавонии ифротгароии системавӣ ва терроризми байналмилалӣ илмӣ, касбӣ, динӣ ба роҳ монда шавад.
Дар ин замина чанд нуқтаи муҳимро баён менамоем, ки аз манфиат холӣ нест:
1) Таъсиси ташкилот, созмон, ҳизб ва гурӯҳҳои ба ном исломӣ дар арсаи байналмилалӣ ба хотири зарба задан ба давлатҳои миллӣ, ваҳдати миллӣ, худогоҳӣ, бедорӣ ва сулҳу амнияти кишварҳои мусалмоннишин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ ва қудратҳои манфиатдор таъсис ва роҳандозӣ мегарданд;
2) Аксарияти созмон ва ҳаракатҳои ба ном динӣ моҳияти динӣ надоранд. Онҳо, пеш аз ҳама, моҳияти қавмӣ, этникӣ, миллатгароӣ, нажодӣ, террористӣ ва экстремистӣ дошта, омили тафриқа ва низоъ дар ҷаҳон гаштаанд. Муассис ва пешвоёни онҳо ҳаргиз дар паи эҳёи суннат ва фароизи илоҳӣ, омӯзаҳои қуръонию илмӣ нестанд, балки мунҷар ба беназмӣ ва саркӯбии мусалмонон аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ мегарданд;
3) Густариш ва раванди идеяи таъсиси «Давлати исломӣ» ё «Хуросони Бузург» дар кишварҳои Осиёи Миёна дар ҳар шакле бошад, моро водор ва вазифадор месозад, ки на ба таври стихиявӣ, кӯркӯрона, беақлона, балки аз лиҳози илмӣ ва динӣ бар зидди раванди шаклгирии системавӣ ва тавсеаёбии ҳизбу созмонҳои муташаккили экстремистӣ ва ташкилотҳои террористӣ дар асоси барнома ва нақшаҳои амиқи соҳавӣ ва касбӣ муқовимат намуд;
4) Омил ва аносири шаклгирӣ ва густариши силсилавии барномаҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатиро дар ҳар шакле, ки зоҳир мегарданд, дар заминаи илмӣ, дониши касбӣ, ҷанбаҳои эътиқодӣ (имон ва ислом) хунсо ва решакан кардан лозим аст;
5) Мусалмон бояд дар хизмати миллат ва кишвар қоим ва побарҷо бошад. Хатар ва душманро шиносад. Ахлоқ, адаб ва мавқеи таҳаммулпазирии мазҳабии худро ҳифз намояд. Дасиса ва фиреби душманро напазирад;
6) Масҷид ва минбарҳои исломиро аз вирусҳои мавлавиҳои хоин, воизони чарбшиками такфирӣ, муздурони ватанфурӯши бемазҳаб ва хатмнамудаҳои салафиманқуртҳои халифапараст покшӯӣ кардан воҷиб ва омили муҳими таъмини амният мебошад;
7) Раванди шаклгирӣ ва тавсеаёбии таълимоти ифротгароӣ, аз ҷумла таълимоти террористии «Салафия» ҳамчун таълимоти «Қуръон ва суннат» дар ҳавзаҳои динии кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар муҳити динии Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Россия ба мушоҳида мерасад. Барои таъмини амнияти давлатдории миллӣ ва нобуд сохтани вирусҳои саратонии ҷараён ва ҳаракатҳои ифротию такфирӣ бар зидди ифротгаройии байналмилалӣ аз дин, омӯзаҳои он ва муллоҳои ҳанафӣ истифода кард;
8) Инқилобҳои арабӣ ва самараи ҷиҳодҳои зархаридони Халифапараст оқибатҳои марговар дорад. Сокинони Сурия, Ироқ, Афғонистон аз хонаву кошона, зану фарзанд, илму маориф ва кишвар маҳрум монда, дар ҳолати муқовимат бар зидди террористону экстремистони байналмилалӣ қарор доранд. Уламои ин кишвар даъват аз он доранд, ки аз таълимоти Қуръон ва барномаҳои имонии мазҳаби ҳанафӣ дар муқовимат бар зидди гурӯҳҳои ҷинояткори террористӣ ва экстремистӣ истифода намудан беҳтарин роҳи наҷот ва муқовимат аст;
9) Уламо ва рӯҳониёни бохабари мазҳабӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишвар бо далелҳои маҳками динӣ ва асноди шаръӣ бар зидди душман ва дигар дастгоҳҳои таблиғотии экстремистӣ ва мубаллиғони ғояҳои бемазҳабӣ муқовимат намоянд;
10) Донишмандон бидуни тарс ва ҳарос аз таҳдидҳои размандагони «Давлати исломӣ» ва дигар мавлавиҳои фурӯхташуда шараф, номус, ҳувияти мазҳабӣ, андешаву хотираи таърихию миллӣ ҳифз намуда, аз осебпазирӣ ва зарари бадхоҳон дар ивази ҷону моли худ ба хотири бақои амнияти давлатдории миллӣ ва суботи мазҳабии худ дифоъ намоянд;
11) Муқовимат бар зидди наҳзатҳои исломии террористию экстремистӣ, ки ба муқобили амнияти давлатдории миллӣ, тозагии фарҳанг, илму ҳунар, таърих, тамаддун, пеш аз ҳама, бар зидди таълимоти таҳаммулпазирии Имоми Аъзам ва ирфону тасаввуф дар минтақа нигаронда шудааст, вазифаи ҳар шаҳрванд ва сокини ватандӯсти кишвар аст;
12) Мутаассифона, уламои динӣ ва муллоҳои мазҳабӣ (ба истиснои чанд тан) нақши заъиф дар хунсо намудани ақидаи ифротии салафия ва соири равияҳои иртиҷоӣ доранд. Онҳо то ҳол дарк накардаанд, аввалин зарбаҳои марговар ва камаршикан аз ҷониби террористон ва муздурони хоин, ки «бо роҳи макру фиреб» соҳибминбар гаштаанд, ба худи уламо, мутафаккирон, шоирон ва пешвою донишмандони мазҳабӣ зада мешавад;
13) Муқовимат ва мухолифати ваҳҳобия бо ташаюъ характер ва моҳияти динӣ надорад. Ҳадаф ва мақсади онон густурдатар ва фарохтар аз дин мебошад. Ин омилро рӯҳониён (ҳанафимазҳаб ва шиаҳои исмоилмазҳаби Тоҷикистон) бояд бидонанд ва барои пайдо кардани мавқеъ ва ҷойгиршавии ҳар ду гурӯҳ дар муҳити динӣ ва фарҳангии кишвар мусоидат нанамоянд;
14) Ҷинояткорони такфирӣ ва ҳувиятгумкардаҳои ифротӣ қатлу куштор ва забҳи уламои исломиро дар асоси фатвоҳои Ибни Таймия, Ибни Абдулваҳҳоб ва дигар шайхҳои такфирӣ чун ибни Боз, Шантиқӣ, Носириддини Албонӣ, Абдураҳмони Хумайс ва Муҳаммад ибни Ринат ҷиҳод дар роҳи «Аллоҳ» ҳисобида, пас аз буридани сар ва дасту пои асирон, кафзанону пойкубон «Аллоҳ-Аллоҳ» гуфта, изҳори қаноатмандӣ ва хурсандӣ менамоянд;
15) Дар кишвари Урдун омӯзишу таълимот, воридот ва содироти китобу асарҳои пешвоёни такфирӣ чун Ибни Таймия, Ибни Абдулваҳҳоб, Ибни Боз, Шантиқӣ, Носириддини Албонӣ ва Муҳаммад ибни Ринатро пас аз зинда ба зинда оташ задани Ҳоҷӣ Юсуф-халабони урдунӣ аз ҷониби тундравҳои салафии «Давлати исломӣ»расман манъ намуданд. Аз таҷрибаи ин давлат метавон истифода бурд;
16) Душманон ва бадхоҳони давлатдории миллӣ ва миллати тоҷик дар хориҷ ва дар дохил хоб нестанд. Бедоранд. Беқароранд. Тавассути дастгоҳҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернет дар дохил ва хориҷ аз кишвар ақоид ва идеологияи хешро бар зидди давлатдории миллӣ ва амнияту оромиши ҷомеаи тоҷик таблиғ ва ташвиқ менамоянд.
НАҚШИ ИТТИЛООТ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ
17) Дар баробари таниш, чолиш ва наҳзатҳои террористию экстремистӣ нақши иттилоот барои таъмини амнияти давлатдории миллӣ, зеҳнӣ, динӣ, шахсӣ, хонаводагӣ, ҷамъиятӣ, озуқаворӣ ва муқовимат бар зидди ҳама гуна унсурҳои террористӣ ва экстремистӣ муҳим ва меҳварӣ аст;
18) Мувофиқи хулосабарориҳои илмӣ бе иттилооти дақиқ, ҳирфаӣ, тахассусӣ ва касбӣ наметавон дар ҳаёт комрон ва осуда зист;
19) Аз ҷойгоҳ, нақш ва омили муҳим ва арзишманди иттилоот душман хуб огоҳ аст. Медонад ва мефаҳмад. Дониста ва пайваста аз лоиҳаҳои иттилоотӣ барои расидан ба аҳдофи муғризона ва дурнамои корзори худ истифода мебарад;
20) Мухолифин талошкунанда ва дар ҳоли рушд ва тавсеаёбӣ қарор доранд. Душман ва бадхоҳони миллату дин тактика ва усули муқовимати иттилоотии худро дар ҳар марҳила иваз мекунанд. Дар зоҳир хаста намегарданд. Худро хастанопазир нишон медиҳанд. Гӯё аз теғи марг ва банди зиндон ҳарос надоранд; Пешмаргаанду маргталаб. Аммо дар асл тарсӯ ва буздиланд;
21) Ташкилотҳои террористӣ ва қудратҳои паси девории онҳо миллионҳо доллар барои дарёфти иттилооти илмӣ, сирри давлатӣ, муҳаррамоти улуми тиббӣ, технолужӣ, сиёсӣ, амниятӣ, низомӣ, интизомӣ ва иттилоотӣ сарф менамоянд. Миллионҳо доллари дигар барои таблиғу ташвиқи иттилооти маргбор ва миллаткуш дар кишварҳои мусалмоннишин ҳамчун «грант» ва «хайрия» ҳадя мекунанд. Иттилоот дар замони муосир беҳтарин роҳи пирӯзии хайр ба шарр ва ё неруи аҳриманӣ ба хайр аст;
22) Идеологияи душман тавассути иттилоот ва шабакаҳои моҳворавӣ, интернет вориди ҳар хонавода мегардад. Иттилоот марз надорад;
23) Душман на танҳо тавассути кумакҳои «грант» ва «хайриявӣ» риҷоли ватандӯст, соҳибмансабон ва соҳибвазифаҳоро зертобеъ ва муздури худ месозад, балки онҳо тавассути таблиғу ташвиқоти дастгоҳҳои иттилоотии байналмилалӣ ва маблағҳои дар ихтиёрдошта, диққат ва ҳуши аксарияти шаҳрвандон ва сокинони камиттилоъро ба сӯи худ ҷалб менамоянд. Мардуми ғофил ва ҷавонони тиҳимағзро мефиребанд ва онҳоро бо осонӣ ба майдони набарди хунин шомил менамоянд;
24) На танҳо эмиссар, пешвоҳои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дини мубини исломро ба ин мақсад истифода мебаранд, балки қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ, эмиссар ва муллопопҳою пешвоёни дигар адёни ҷаҳонӣ дар ин раванд барканор нестанд;
25) Набояд фаромӯш кард, ки таълимгоҳ, донишгоҳ, марказ ва масҷиду мадориси диние, ки аз ҷониби кишварҳои манфиатдор ва эмиссарҳои такфирӣ дар кишварҳои мусалмоннишин ва ҷомеаҳои исломӣ бунёд гардидаанд ва бунёд мегарданд бедарназардошти манофеи миллӣ ва давлатдорӣ, метавонад ба эътиқодҳо, фарҳанг, тамаддун, мазҳаб, аносири этникӣ ва хотираи таърихии миллат созгор наояд. Мунҷар ба ихтилофу фитна ва бистари мулоим барои гӯртозиҳои ташкилотҳои террористию экстремистӣ гарданд;
САРЧАШМАИ ЭЪТИҚОДИИ ИФРОТГАРОЁНИ ТАКФИРӢ
26) Маълумоти дақиқ, аснод ва ҳуҷҷатҳои раднашавандаи воқеӣ гувоҳи он ҳастанд, ки размандагони такфирии ташкилотҳои террористии байналхалқӣ ва ҳаракатҳои экстремистии байналмилалӣ чун «ДИИШ» ва «Алқоида» пас аз сипарӣ намудани курсҳои ақидавӣ ва таълиму омӯзиш гирифтани китобҳои «Усули салоса», «Фатво», «Тавҳид» ва дигар барномаҳои ақидавии Ибни Таймия, ибни Абдулваҳҳоб ва Носириддини Албонию Шантиқӣ иҷозати дар муҳорибаҳои ҳарбӣ иштирок карданро дармеёбанд ва худро қурбонии ташкилотҳои террористӣ месозанд;
27) Ҳама афроди маргталаби интиҳорӣ ва инфиҷорӣ бо собуни такфирии шайхҳои бемазҳаб шустушӯи мағзӣ гашта, аз баҳри ватан, модар ва мазҳаб даргузаштаанд. Ватан, забон, ахлоқ, дин, кишвар ва муқаддасоти миллӣ барои онҳо арзиш надорад;
28) Иттилооте, ки маргталабони ифротӣ барои дарёфти мақоми «Ҳаҷи аъло», «Ҳоҷии ҳарамайн», «Шаҳид», «Ҷиҳод» ва «Шаҳодат» аз китоб ва барномаҳои таълимии салафия дармеёбанд, омили худкушӣ, худкафонӣ ва таҳдидофаринии онон мегардад;
29) Донишгоҳҳои «хайриявӣ»-и диние, ки дар Покистон, Афғонистон ва дигар кишварҳои мусалмоннишин, ки аз ҷониби шайхҳои миллиардер ва кишварҳои манфиатдор бунёд гардида, барои амалисозии амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳамчун бомбаи зинда истифода мешаванд;
30) Донишгоҳ ва марказҳои «хайриявии динӣ» на танҳо манобеи омодасозии афроди ифротӣ ва такфирӣ ҳастанд, балки онҳо ҳамчун дастгоҳ, сервис ва лоиҳаҳои иттилоотӣ барои мудирият ва хадамотҳои ҷосусии ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ хидмат менамоянд;
ЧӢ БОЯД КАРД?
31) Бо дарназардошти таъмини амнияти давлатдории миллӣ, хунсо намудани сарчашмаҳои таҳдидофаринӣ, хатарофаринӣ, хушунату ифротгаройии эътиқодӣ ва муқовимат алайҳи дастгоҳҳои иттилоотии ташкилот ва қудратҳои экстремистимаслак дар кишвар «Дастгоҳи муқовиматкунандаи иттилоотӣ» роҳандозӣ карда шавад;
32) Барои дафъи мазаррат ва хатари омилҳои номбаршуда, донишмандон, соҳибназарон, муҳаққиқон ва рӯҳониёни ҳушманди фориғу-т-таҳсили ватанӣ ҷалб карда шавад;
33) Адабиёт ва барномаҳои душманшиносӣ ва хатаршиносӣ аз ҷониби мутахассисони касбӣ ва ҳирфаӣ навишта шуда, ба кормандони ниҳодҳои қудратӣ, омӯзгорон, рӯҳониён ва донишҷӯён ройгон ва ё бо нархи арзон дастрас карда шавад.
34) «Дастгоҳи иттилоотии муқовиматӣ» бо истифода аз рӯҳониёни маъруфи суннатӣ, уламо, донишмандон, аҳли қалам ва чеҳраҳои шинохтаи мазҳабӣ афкори ботил, дасисакорӣ ва талбисоти шабакаҳои моҳворавии «Тавҳид», «Висоли ҳақ», «Висоли ҳаққи форсӣ», «Аҳли байт» ва ровиёни каззоб ва такфирии онҳоро бо далоили шаръӣ маҳкум ва наҳй намоянд;
35) Уламои ҳанафӣ ва устодони исломӣ нисбат ба шаклгирӣ ва тавтиъапардозиҳои дастгоҳҳои хабарии ташкилотҳои терроризми байналмилалӣ бетараф набошанд, то бо шарофати илму дониши онҳо ҷавонон ба доми тазвир ва фиреби қурбошиҳои ифротӣ ва муздурони ташкилотҳои экстремистӣ гирифтор наоянд;
36) Уламо ва садрнишинони ниҳодҳои диниро зарур аст, ки мавқеи мазҳабӣ ва миллии худро ошкор намоянд. Дар муқобили тавтиъаи душман дар канор ва хомӯш набошанд.
37) Муздурони «Иттиҳодияи экстремистии салафия» ва афроди тираандеши такфирӣ, аз Шӯрои уламо, Донишкадаи исломӣ ва дигар ниҳодҳои таълимию динӣ (агар бошанд) дар асоси принсипҳои «Тақия» фаъолият доранд, муайян карда шуда, аз вазифа сабукдӯш ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд;
38) Бунёдгароии динӣ, таъсиси «Хилофат», хушунатталабӣ, терроризм ва ифротгаройӣ дар минтақа аз устухони ақида ва сохтмони афкори осебзада ва иртиҷоии салафия нашъат ва қувват гирифтааст;
39) Талошҳои пайдо ва пинҳонии ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ барои дарёфти нуфузи сиёсӣ, динӣ ва низомӣ дар кишварҳои минтақа монанди Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Туркия ва Афғонистон, ҳамла ба сафоратхона ва консулгарии кишварҳои мухталиф баёнгари гуфтаҳои боло аст;
40) Ҳизбу созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дастпарвардаи мактаби исломӣ нестанд. Дасти ифлос ва домони нопоки онон аст ки ДИИШ ва амсоли онро таъсис намуда, хун ва моли мусалмонро ҳалол мешуморанд. Сар аз тани мусалмон бо шамшер ҷудо мекунанд;
41) Қудратҳои манфиатдори ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои пасипардагӣ бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва ифротгаройӣ вориди минтақаҳои даргир гардида, ба ҷинояткорони ифротӣ ва зархаридони такфирӣ силоҳ ва навтарин яроқ мефурӯшанд. Ҷинояткорони хатарнокро аз як минтақа ба минтақаи дигар тавассути худпарвозҳо ва мошинҳои зиреҳпӯш интиқол дода, амнияти онҳоро таъмин менамоянд. Ин равиш нав нест. Сипас ба ҳар ду тарафи даргир силоҳ мефурӯшанд ва дар ин миён суди калон ба даст меоранд. Оташи ихтилоф ва низои суннӣ ва шиаро сохтакорона ва сунъӣ меангезанд;
42) Мусалмонони кишвар ва риҷоли ватандӯст (академик, доктор, профессор, ходимони илм, дин, адибону нависандагон, арбобони сиёсату ҳунар) нисбат ва наҳзатҳои ифротгароёни тундхӯ ва идеологияи террористии қурбошиҳои такфирӣ ва тавсеаёбии терроризми байналмилалӣ бетараф ва хомӯш набошанд;
43) Худкафонӣ, террор, интиҳор омили камбизоатӣ, иқтисодӣ нест! Аз ақида, боварӣ, эътиқод, ҷаҳонбинӣ шакл мегирад, амалӣ мегардад;
44) Мавсими Ҳаҷ нуктаи дигари вохӯрӣ, маслиҳаткунӣ, дидорбинӣ ва нақшаофариниҳои аъзои тундрав, гумошта бо муассису пуштибонҳои ташкилотҳои ифротӣ аст. Аз тамоми дунё ба баҳонаи адо намудани маросими ҳаҷ ҷамъ меоянд. Дастур мегиранд. Супориш мегиранд. Вазифадор мегарданд. Ҳоҷӣ — далолҳои салафӣ дар ин айём серкоранд. Серташвишанд. Барои шустушӯи мағзӣ ва ба доми тазвири худ даровардани ҳоҷиён ва фиреби онҳо аз тамоми имконият ва усулҳои «вербовка» (ҷалб кардан) истифода мебаранд;
45) Интизор меравад, ки гумошта ва сервисҳои серпули муаассисони ташкилоҳои ифротӣ ва такфирӣ дар ҳоли дастёбӣ ба ниҳодҳои эҷодкунандаи қонун ва органҳои зертобеи он ҳастанд. Ин омил омӯхта ва санҷида ва бадон роҳ дода нашавад. Яке аз аҳдофи калидии душман роҳёбӣ, дахолат (дӯстона) ба субъект ва обектҳои эҷодкунандаи қонун мебошад;
46) Афроде (новобаста аз вазифа ва мақом), ки барои густариши ақидаи такфирӣ, ифротӣ ва мавқеъёбии ҳомиёни терроризми байналмилалӣ дар ниҳод, мақомот ва муҳити ҳуқуқӣ, қонунэҷодкунӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ҷамъиятӣ мусоидат мекунанду манфиатдоранд, бояд муайян карда, тавассути дастгоҳҳои иттилоотӣ шахсият ва ҳувияти онҳо фош карда шавад, то мардуми кишвар ва амнияти давлатдории миллӣ аз шарри онҳо дар амон бошанд;
47) Ба қавли С. Ятимов: «Субъект, раванд ва фактҳое, ки тибқи салоҳдид мадди назар гирифта мешаванд, ба таҷзия, таҳлил, муқоиса, бозсанҷӣ ва арзёбии ҷиддӣ ниёз доранд. Муайян кардани генезис, этиология, омил ва сабабҳои воқеот ба хотири бартараф ва пешгирӣ намудани онон аз шартҳои асосии фаъолият мебошанд».
Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ,
коршиноси динии Осиёи Миёна