Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№41 (4303) 01.04.2021

Ихтилофи назар зимни пешниҳоди номзад ба Сарвазири Молдова

1Парламенти Молдова, бинобар набудани кворум, номзадии Игор Гросро ба вазифаи Сарвазири мамлакат тасдиқ карда натавонист. Вақте вакилон аз Ҳизби сотсиалистҳо, гурӯҳи «За Молдаву» ва фраксияи «Шор» иҷлосияро тарк карданд, дар толор 43 нафар боқӣ монд.

Номзади зикршударо Президенти Молдова Майя Санду пешниҳод кард. Охири моҳи феврал Суди конститутсионии мамлакат пешниҳоди такрории собиқ вазири молия Наталя Гаврилитсаро ба мақоми Сарвазир ғайриқонунӣ донист. Баъд аз ин бисёре аз вакилони парламент  сафири Ҷумҳурии Молдова дар Федератсияи Россия Владимир Головатюкро ба ин мансаб пешниҳод карданд, аммо Президенти мамлакат Майя Санду ба ин розӣ нашуд.

Номзади тасдиқнашуда Игор Грос бошад,  изҳор намуд, ки бояд парламент ба истеъфо равад.

«ТАСС»

 

Россия вобастагиашро аз доллар коҳиш доданист

2- Россия зимни муносибатҳои тиҷоратӣқтисодӣ додугирифтро бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо асъори миллӣ афзоиш медиҳад, — гуфт зимни суҳбат бо журналис­тон раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин.

Ӯ зикр кард, ки ҳоло дар иқтисодиёти мамлакат  коҳиши доллар ва евро мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, Россия мунтазам додугирифтро бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Туркия бо асъори миллӣ афзоиш медиҳад. Ба гуфти ӯ, ҳиссаи доллар дар Россия аз 45 фоиз то 35 фоиз коҳиш ёфтааст.

«ИЗВЕСТИЯ»

 

 Теъдоди занон дар парламентҳо зиёд гардид

3Бино ба маълумоти Иттифоқи байнипарламентӣ (ИБП), соли 2020 дар кишварҳои олам 25,5 фоизи курсиҳои вакилиро занон соҳиб шуданд.   Ба гуфтаи Котиби генералии ИБП Мартин Чунгонг, бори аввал аст, ки занон беш аз чор як ҳиссаи вакилони парламентҳои ҷаҳонро ташкил медиҳанд.

Дар ин бобат, тибқи назарпурсӣ Федератсияи Россия ҷойи 138-умро ишғол мекунад. Дар палатаи поёнии парламенти Ҷумҳурии Беларус бошад, вакилзанон 40 фоиз, дар палатаи болоӣ 25 фоизро ташкил додаанд.

«ИЗВЕСТИЯ»

 

Дар Туркманистон парламенти дупалатагӣ таъсис ёфт

4Дар Ҷумҳурии Туркманистон бори аввал дар таърихи мамлакат интихобот ба палатаи болоии (Шӯрои халқӣ — Халқ маслаҳати)-и парламент баргузор гардид.

Дар он 112 номзад ширкат варзида, аз миёни онҳо 48 нафар интихоб гардид. Овозидиҳии пӯшида дар ҷаласаи шӯроҳои халқии маҳаллии панҷ вилоят ва шаҳри Ашқобод доир гардида, ҳашт нафар аз ҷониби Президенти мамлакат аъзои «Халқ маслаҳати» шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 25 сентябри соли 2020 бо пешниҳоди Президенти кишвар Гурбонгули Бердимуҳаммедов барои ташкили парламенти дупалатагӣ ба Конститутсияи мамлакат тағйирот ворид шуд.

РИА «НОВОСТИ»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»