Қирғизистон. Мақоми «агенти хориҷӣ» «туҳфа»-и вакилон ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ
Кумита оид ба қонунгузории конститутсионӣ, сохтори давлатӣ, масъалаҳои судӣ – ҳуқуқӣ ва дастури парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон дар хониши дуюм лоиҳаи қонунеро, ки тибқи он ба ташкилотҳои ғайридавлатии аз хориҷи кишвар маблағгузоримешуда додани мақоми «агенти хориҷӣ» пешбинӣ шудааст, дастгирӣ намуд. Тибқи иттилои рӯзномаи «Азатитика», чанд рӯз қабл лоиҳаи мазкур дар ҷаласаи пленарии парлумон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси кумитаи зикршуда Галина Скрипкина гуфтааст, ки лоиҳаи мавриди назар, пеш аз ҳама, бо мақсади додани мақоми мушаххас ва бозгӯйӣ намудани моҳияти фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатии аз хориҷа сармоягузоримешуда таҳия шудааст. Сониян, лоиҳаи мазкур тақозо менамояд, ки фаъолияти ин қабил ташкилот шаффоф ба роҳ монда шуда, буҷет ва сарчашмаҳои маблағгузории онҳо нишон дода шавад.
Замоне ки баррасии тарҳи қонуни фавқуззикр дар парлумон ҷараён дошт, як гурӯҳ назди бинои парлумон ҷамъ омада, норозигиашонро аз ин лоиҳа изҳор доштанд. Ба андешаи ин нафарон, лоиҳаи қонун фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатиро маҳдуд менамояд.
Думаи давлатии Россия: Ба террористон тараҳҳум набояд кард
Ҳафтаи гузашта ба Думаи давлатии маҷлиси федералии Федератсияи Россия лоиҳаи маҷмӯи қонунҳо, ки тибқи онҳо усул ва воситаҳои нави мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм пешбинӣ шудаанд, барои баррасӣ пешниҳод гардид. Муаллифони лоиҳаҳои мазкур раиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Россия оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Ирина Ярова ва раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия оид ба мудофиа ва амният Виктор Озеров мебошанд. Онҳо пешниҳод намудаанд, ки дар рӯйхати ҷиноятҳо бар зидди сулҳ ва амнияти инсонҳо ҷузъи нав – терроризми байналмилалӣ илова ва барои содир намудани чунин ҷиноят ҳабси абад муқаррар шавад. Маблағгузории терроризм низ дар ин раванд масъалаи меҳварӣ маҳсуб шуда, субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба он назаранд, ки барои ин амал аз 10 то 15 сол ҳабс ҷорӣ гардад. Ба андешаи муаллифон, ҷазо ба нафароне, ки дар раванди гаравгонгирии шаҳрвандон ва таъсиси гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба террористон мусоидат мекунанад, бояд сангинтар бошад. Биноан, пешниҳод шудааст, ки барои ин ҷиноят аз 15 то 20 сол ҳабс пешбинӣ шавад.
Молдова. «Бозҷӯйии иттилоотӣ» — мафҳуми нав дар кодекси ҷиноятӣ
Чанде пеш Ҳукумати Молдова лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии кишварро, ки тибқи он мақомоти зиддахл ҳуқуқи гузаронидани бозҷӯйии иттилоотиро пайдо менамоянд, қобили қабул дониста, барои баррасӣ ба парлумон ирсол намуд. Раиси парлумони Молдова Андриан Канду дар робита ба ин масъала ба расонаҳо гуфтааст, ки лоиҳаи мазкур пеш аз қабул шуданаш аз ҷониби парлумон мавриди баррасии коршиносон қарор хоҳад гирифт. Ба ин чорабиниҳо, ҳамчунин намояндагони қишрҳои ҷомеа даъват шуда, пешниҳодоти дар робита ба лоиҳаи қонун ироагардида мавриди омӯзиш қарор хоҳад гирифт.
Ёдовар мешавем, ки тибқи ин тағйиру иловаҳо, мақомоти марбута метавонанд маълумоти аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути шабакаи умумиҷаҳонии интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ паҳнгаштаро таҳлил намоянд. Ҳамзамон, мақомоти зиддахл ҳуқуқ пайдо менамоянд, ки амалҳои нафарони гумонбаршударо доир ба масъалаи зикршуда пайгирӣ намоянд.
Таҳияи Далер Мерганов, «Садои мардум»